Шавқии Бухороӣ (форсӣ: شوقی بخارایی[1]; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Шавқии Бухороӣ

Зиндагинома вироиш

Дар Бухоро зиндагӣ кардааст. Бино ба маълумоти «Музаккиру-л-аҳбоб» Шавқии Бухороӣ дар доираи адабии Бухоро мавқеи намоён доштааст. Ӯ ғазал, рубоӣ, муаммо, хусусан мувашшаҳ (зубаҳрайни мустазод)-ро ҳунармандона суруда, дӯстӣ, садоқат, ишқ, табиат, баҳор, мурғони чаман, рӯзгорро васф кардааст ва аҳкоми дину фиребу найранги диндоронро танқид намудааст. Ашъори парокандааш қобили таваҷҷӯҳ мебошад.

Эзоҳ вироиш

  1. شوقی بخارایی. rasekhoon.net. 22 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Шавқии Бухороӣ // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).