Шайх Муслиҳуддини Хуҷандӣ

Шайх Муслиҳуддини Хуҷандӣ (форсӣ: شیخ مصلح الدین خجندی‎), Шайх Муслиҳуддин Бадеъуддини Нурӣ (форсӣ: شیخ مصلح الدین بدیع الدین نوری[1]; 11301222, Хуҷанд) — сӯфӣ, шоир ва мутафаккири барҷастаи форс-тоҷик, ҳокими Хуҷанд (1137—1214).

Шайх Муслиҳуддини Хуҷандӣ
Таърихи таваллуд 1130
Таърихи даргузашт 1222
Маҳалли даргузашт

Зиндагинома

вироиш

Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ дар хонадони донишманду парҳезкор дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Аҷдоди ин бузургвор аз аҳли илм ва тақво будаанд ва ин омил дар тарбияву камоли маънавии Шайх бетаъсир набудааст.

Сарчашмаи хаттии дасти аввал, ки дар он аз рўзгору осори Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ маълумоти муҳим омадааст, «Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ» мебошад. Муаллифи ин асар дар зикри аҷдоди Шайх Маслаҳатдин чунин меорад, ки: «Аммо бидон, ки обо ва аҷдоди ҳазрати Шайх Маслаҳатуддини Хуҷандӣ аз духтари Имом Муҳаммади Боқир будаанд, яъне аз аҳли байти паёмбари дини ислом Муҳаммад…»

  1. شیخ مصلح الدین بدیع الدین نوری. www.virascience.com. 27 сентябри 2023 санҷида шуд.