Шайх Яъқуби Сарфӣ
Шайх Яъқуби Сарфии Кашмирӣ (форсӣ: شیخ یعقوب صوفی کشمیری; 1502, Кашмир — 20 июл 1595, Кашмир) — сӯфӣ, олим, нависанда, пажӯҳишгар ва шоири форсизабони Ҳиндустон.
Таърихи таваллуд: | 1502 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 20 июл 1595 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | сӯфӣ, олим, нависанда, пажӯҳишгар, шоир |
Зиндагинома
вироишДар назди падараш Шайх Ҳасани Осимӣ да уламои машҳури давр таҳсил кардааст. Баъд ба мамлакатҳои зиёд мусофират намуда, бо бузургони илму адаб, пешвоёни дину тариқат вохӯрдааст. Ӯро яке аз уламои машҳури замони худ, халифаи Шайх Ҳусайни Хоразмӣ (вафоташ 1549) медонанд. Бино ба маълумоти маъхазҳо Сарфии Кашмирӣ аз синии 7-солагӣ шеър гуфтааст ва падараш дар ин кор мададгори ӯ будааст.
Сарфии Кашмирӣ асарҳои зиёди бадеӣ ва илмию динӣ дорад, ки чанде аз онҳо то ба мо расидаанд. «Хамса» («Панҷ ганҷ»)-и Сарфии Кашмирӣ аз маснавиҳои «Маслаку-л-ахёр» (дар ҷавоби «Махзану-л-асрор»-и Низомӣ), «Вомиқу Азро», «Лайливу Маҷнун», «Мағозиу-н-набӣ» ва «Мақомоти пир» иборат аст. Асарҳои дигари Сарфии Кашмирӣ девони ғазалиёт ва қасоид, маҷмӯаи рубоиёт, рисолаҳо ва муаммиёт, асарҳои ирфонии «Маносики ҳаҷ» шарҳҳо, ҳошияҳо, тафсири Қуръон (нотамом) ва ғайра мебошанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Сарфии Кашмирӣ / С. Асадуллоев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).