Шакархонум бинти Зиёмуҳаммад (қарни XV — қарни XVI, Бухоро) — мутриба ва раққосаи форс-тоҷик.

Шакархонум

Зиндагинома вироиш

Дар Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ аз ҷавонӣ ба созу овоз ва рақс майли зиёд пайдо карда, бештар дар иҷрои таронаҳои ирфонию ахлоқӣ ном баровардааст. Аввал аз падараш ва сипас аз устодони мусиқии зодгоҳаш ҳунар омухтааст. Ӯ бо ҳунари рақс ва маҳорати баланди мутрибӣ дар зодгоҳаш ва берун аз он шуҳрат пайдо намуда, чанд муддат дар Ҳирот низ ҳунарнамоӣ кардааст. Шакархонум охири умр ба зодгоҳаш баргашта, он ҷо вафот кардааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Шакархонум / А. Раҷабов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).