Шакархон Анварова (Анварова Шакархон Саидоромовна; тав. 3 октябри 1943, Душанбе) — эндокринолог, доктори илми тиб (1993), профессор (1994), Аълочии тандурустии ҶТ (1996), Корманди шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004).

Шакархон Анварова

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (ИДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино (1966). Духтури Беморхонаи ҷумҳуриявии эндокринологӣ (1966 – 67), ординатор (1967 – 69), аспирант (1969 – 72), ассистенти кафедраи бемориҳои даруни № 2 ИДТТ (1972 – 87). Аз соли 1987 мудири кафедраи эндокринологияи ҳамин донишгоҳ. Доир ба эндокринологияи клиникӣ, диабети қанд ва бемориҳои ғадуди сипаршакл дар Тоҷикистон тадқиқот анҷом додааст. 197 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 1 монография, 5 дастури илмӣ ва 8 дас-тури амалию методӣ, 2 пешниҳоди навоварона дорад. Таҳти роҳбарии ӯ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 5 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. А. яке аз ташаббускорони ташкил намудани «Барномаи миллии мубориза бар зидди бемориҳои норасоии йод ва диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сарэндокринологи Вазорати тандурустии ҶТ, раиси Ассотсиатсияи диабетшиносон ва эндокринологҳои ҷумҳурӣ.

  • Дастури мухтасари таълимӣ оид ба эндокринологияи клиникӣ, Д., 1998;
  • Заболевания щитовидной железы, Д., 2004; Актуальные вопросы клинической эндокринологии (тавсияи методӣ), Д., 2007;
  • Современное представление о метаболическом синдроме, Д., 2008;
  • Ошкорсозии бармаҳали ҷузъҳои алоими мубодилавӣ – кафолати пешгирии диабети қанди навъи 2-юм, Д., 2009.

Сарчашма

вироиш