Шамсӣ Қиём (Шамсӣ Қиёмов; 1 январи 1920, Самарқанд — 17 январи 2000, Душанбе) — ҳунарпеша, коргардон, драматург ва тарҷумони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1990), узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС (1962).

Шамсӣ Қиём
Таърихи таваллуд: 1 январ 1920(1920-01-01)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 17 январ 2000(2000-01-17) (80 сол)
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, коргардон, намоишноманавис, филмноманавис
Ҷоизаҳо:

Зиндагинома

вироиш

Шамсӣ Қиём 1 январи соли 1920 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1941 Студияи тоҷикӣ ва соли 1952 факултаи таҳиягарони Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро (дар Маскав) хатм кардааст[2].

Корнома

вироиш

Ходими адабии рӯзномаи «Қизил Тожикистон» (1939—1940), ҳунарпеша ва таҳиякунандаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1941—1956), коргардони Студияи «Тоҷикфилм» (1956—1978)[3], саркоргардони Студияи телевизиони Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (ҳоло — Акашариф Ҷӯраев), саркоргардони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон, устоди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1978—1994)[4].

Дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беш аз 40 нақш офаридааст.

Намоишномаҳо

вироиш

Асосан дар соҳаи драматургия қувваозмойӣ кардааст. Аввал драмаҳои «Камол»-у «Дамири мусиқор»-и ӯ (1937) дар театри Ленинобод саҳнагузорӣ шудаанд. Баъдан драмаҳои ӯ «Дил-дили Зайнаб» (ҳамроҳи А.Мороз, 1955), «Тӯфон» (ҳамроҳи Ғ.Абдулло, 1957), «Ҷарима — 30 тин» (ҳамроҳи М. Фарҳат, 1960), «Садои дил» (1968), «Золу Рӯдоба» (ҳамроҳи М. Шералӣ, 1973), «Ҳодию Шодӣ» (1974), «Хонашинони майдонғариб» (ҳамроҳи М. Рабиев, 1976), «Зебуннисо» (ҳамроҳи Ш. Мастон, 1978), «Таронаи Маҳастӣ» (1989), «Тӯмор» (1993), «Товони гӯсола» (1994), «Ошиқони ҳазлбоз» (1997) ва ғ. дар театрҳои бонуфузи ҷумҳурӣ пешкаши тамошобинон гардидаанд.

Солҳои тӯлонӣ бо Театри лӯхтаки пойтахт ҳамкорӣ дошта, асарҳои «Эраҷ-паҳлавон» (1969), «Духтари ҷасур» (1967), «Заргӯши доно» (1986), «Саргузашти Манук» (1986), «Офтобак, Маҳтобак ва бародар Хурӯсак» (1988), «Гулрӯ ва шайтони болдор» (1989), «Дурдонаи доно» (1994), «Дайдуча» (1996), «Зебаки ҳазлбоз» (1997) ва ғ.-ро манзури кӯдакону наврасон гардондааст.

Либреттои балетҳои «Писари Ватан», «Оҳуи тилло», «Баҳори Бадахшон», «Писарак ва Карлсон» ҳам ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Филмномаи «Писарро бояд хонадор кард» (Тоҷикфилм, 1960)-ро ҳам ӯ навиштааст.

Режиссёр ва таҳиягари филмҳои «Дӯсти ман Наврӯзов» (1957), «Амалиёти Кобра» (1961), «Рангҳои сол» (1973) ва ғ. мебошад.

Дар театрҳои Узбакистону Афғонистон намоишномаҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст.

Тарҷумонӣ

вироиш

Осори К. Станиславский «Этика», Ж. Б. Молйер «Найрангҳои Скапен», С. Михалков «Ревизори зӯракӣ», Н. Гумилёв «Духтари сеҳрнок», Ф. Тошмуҳаммадов «Достони Ҳофиз»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ордену ҷоизаҳо

вироиш
  • Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945)[5]
  • Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1990)
  • ду ордени «Нишони фахрӣ»

Даргузашт

вироиш

Шамсӣ Қиём 17 январи соли 2000 дар шаҳри Душанбе даргузашт.

  1. Чешская национальная авторитетная база данных
  2. ҚИЁМ ШАМСӢ(тоҷ.). Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 17 Январ 2024 санҷида шуд.
  3. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  4. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012, — С. 128
  5. Қиёмов Шамсӣ / М. Музаффарова // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).