Шарафиддин Ҳабибуллоев

Шарофиддин Зуҳурович Ҳабибуллоев (10.03.1959, Душанбе) — доктори илми тиб (2011).

Шарафиддин Ҳабибуллоев
Шарофиддин Зуҳурович Ҳабибуллоев
Таърихи таваллуд 10 март 1959(1959-03-10) (65 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Диспансери онкологии ҷумҳуриявии Тоҷикистон, муассисаи давлатии илмии саратоншиносии ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Маркази илмии саратоншиносии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ИҶШС

Зиндагинома

вироиш

Соли 1981 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм намуда, ба ҳайси ординатори клиникии кафедраи онкологияи он фаъолияташро шурӯъ кардааст. Солҳои 1983-1986 аспиранти Маркази илмии онкологии Академияи илмҳои тибби СССР (ш. Маскав), 1986-1987 духтур-ординатори шуъбаи дуюми ҷарроҳии Диспансери онкологии ҷумҳуриявӣ, 1988-1994 ассистенти кафедраи онкологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, 1995-2000 духтур-онкологи Беморхонаи марказии ш. Тошканд (Узбекистон) 2002-2004 корманди ширкати «Jackson Financial in vestments LLC», 2004-2009 духтур-ординатор ва духтур-ҷарроҳи муассисаи давлатии илмии саратоншиносии ҷумҳурӣ, 2009-2012 муовини директори Маркази илмии саратоншиносии Тоҷикистон буд. Аз соли 2012 дотсенти кафедраи онкологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мебошад.[1]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.