Шарафуддин Алии Яздӣ

Шарафуддин Алии Яздӣ (форсӣ: شرف‌الدین علی یزدی[2]; асри XV[1], Язд1454, Язд) — нависанда, шоир, ахтаршинос ва донишманди форс-тоҷик.

Шарафуддин Алии Яздӣ
Таърихи таваллуд асри XV[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1454
Маҳалли даргузашт
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар аҳди Темуриён умр ба cap бурда, бештари ҳаёташро дар дарбори Шоҳрух ва писари дуюми ӯ Мирзо Абулфатҳ Иброҳим Султон, ки ҳокими Форс (1415—1436) буд, гузаронидааст. Бино ба маълумоти «Таърихи Рашидӣ» ҳокими Ироқи Аҷам Султон Муҳаммад солҳои 1423—1424 Шарафуддин Алии Яздӣро ба назди худ (шаҳри Қум) даъват мекунад. Соли 1429 Шоҳҳрух Шарафуддин Алии Яздиро ба Язд хонда мураббии Улуғбек таъин кард. Солҳои 1446—1447 Шарафуддин Алии Яздӣ барои дар исьёни Султон Муҳаммад иштирок карданаш ба қатл хукм мешавад. Бо дахолати Абдуллатиф ибни Улуғбек ӯ аз қатл халос шуда, бо баҳонаи ёрӣ ба корҳои илмии Улуғбек ба Самарқанд фиристонида мешавад. Баъд аз вафоти Шоҳрух Шарафуддин Алии Яздӣ бо иҷозати Султон Муҳаммад, ки дар он вақт ҳокими Хуросон буд, ба деҳаи Тафти Язд рафта, он ҷо вафот мекунад. Шарафуддин Алии Яздӣ барвақт ҳамчун шахси порсо ва олим шӯҳрат ёфта буд.

Таълифот

вироиш

Ӯ асарҳои бисьёре навиштааст. Асари асосии вай «Зафарнома» (таълифаш 1419—1425) мебошад, ки он ба Темур бахшида шудааст. Шарафуддин Алии Яздонӣ бо тахаллуси «Шараф» шеър ҳам эҷод кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Шарафуддин Алии Яздӣ / Н. Қосимов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).