Шарафуддин Фазлуллоҳи Қазвинӣ

Шарафуддин Фазлуллоҳ Ҳусайнии Қазвинӣ (форсӣ: شرف‌الدین فضل‌الله حسینی قزوینی[1]; 1261, Қазвин — 1339) — таърихнигор, шоир, нависанда ва донишманди форс-тоҷик, муаллифи «Китобу-л-муъҷам фӣ осори мулуки-л-Аҷам».

Шарафуддин Фазлуллоҳи Қазвинӣ
Таърихи даргузашт 1339
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Баъд аз касби камол ӯ дар дарбори ҳокими Луристон хидмат кардааст. Аз ӯ чунин асарҳо боқӣ мондаанд: «Девони ашъор», ки қасоид, ғазалиёт, қитаот ва ғайраро дар бар мегирад; «Мунозирати Шамъу Қандил» — асари мансурест, ки тақрибан солҳои 1331—1332 таълиф шудааст; «ат-Тарассулу-н-насрия» — рисолаест дар боби иншо ва ҳунари муншигӣ; «Миръоту-н-наҷот» — достонест, ки мазмуни тасаввуфӣ дорад. Нусхаҳои дастнависи асарҳои мазкур дар Музеи Бритониё маҳфузанд. Асари машҳури Фазлуллоҳи Қазвинӣ «Китобу-л-муъҷам фӣ осори мулуки-л-Аҷам» (номҳои дигараш — «Таърихи муъҷам фӣ осори мулуки-л-Аҷам», «Ал-Муъҷам фӣ таърихи мулуки-л-Аҷам» ва ғайра) мебошад, ки тақрибан солҳои 1312—1328 таълиф шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Фазлуллоҳи Қазвинӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).