Шарафҷон Рӯзиев
Шарафҷон Мунавварович Рӯзиев (12 августи 1952, деҳаи Некнот, ноҳияи Панҷакент — 23 ноябри 2009, Душанбе) — омӯзгори тоҷик, доктори илмҳои педагогика (2007), профессор (2007).
Шарафҷон Мунавварович Рӯзиев | |
Таърихи таваллуд | 12 август 1952 |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 23 ноябр 2009 (57 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1991) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1970—1975 дар факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Соли 1976 устои таълимии кафедраи асосҳои истеҳсолоти факултети физикаи донишкадаи омӯзгорӣ буд. Солҳои 1976—1977 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1977—1982 лаборант, устои таълимӣ, лаборанти калон ва ассистент, 1985—1989 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи фанҳои умумитехникии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1989—2005 ба ҳайси мудири кафедраи методикаи таълими технология ва декани факултети технология ва соҳибкорӣ, 2005—2007 дотсенти кафедраи методикаи таълими технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 2007—2009 профессор ва мудири кафедраи методикаи таълими технология ва соҳибкории донишгоҳи омӯзгорӣ буд.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 160 асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, аз он ҷумла 4 монография мебошад. Дар корҳои илмии худ асосҳои назариявӣ ва педагогии маълумоти технологии муаллимони технология ва соҳибкорӣ, ташаккули касбияти онҳо, методҳои комплексии омӯзиши технология ва дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ намудааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1991) қадрдонӣ карда шудааст.
Осор
вироишТеоретические основы технического образования учителей технологии и предпинимательства, Д., 2006; Педагогические основы технологического образования учителей технологии и предпринимательства, Д., 2006; Пути совершенствования методов применения политехнических знаний и умения в процессе технологической подготовки, Д., 2006; Педагогические основы формирования профессионального мастерства будущих учителей технологии и предпринимательства, Д., 2006; Методҳои комплексии омӯзиши технология // Ахбори АИ ҶТ, Д., 2004, № 2; Дидактические основы технологического обучения // Известия АН РТ, Отделения технических наук, Д., 2004, № 4; Задачи технологического обучения // Вестник ТГНУ, Д., 2006; Формирование навыков анализа и рационального планирования работы студентов в процессе технологического подготовки // Вестник ТГНУ, Д., 2006, № 3; Система технологической подготовки учителей // Вестник ТГНУ, Д., 2006, № 3; Тенологические дисциплины в системе профессиональной подготовки // Известия АН РТ, Д., 2006 № 1.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |