Шарик ибни Шайх
Шарик ибни Шайх - сарвари шӯриши зидди арабӣ дар Бухоро соли 750-751
Аҳволи вазнин баъд аз истилои араб, боиси афзудани нафрат ва норозигии халқ ба сулолаи Аббосиҳо гардид. Дар натиҷа соли 750-751 дар Бухоро шӯриши зидди арабӣ бо сарвари Шарик ибни Шайх ал-Муҳрӣ (ваф.751) сар зад. Шӯришгарон бо даъвати он, ки Аббосиён аз хилофат дур карда ба ҷои ӯ аз авлоди Муҳаммад паёмбар ва домоди ӯ Алӣ ибни Абутолиб ба тахти хилофат оянд, баромад карда ба муваффақиятҳо ноил шуданд. Абумуслим (минбаъд сарвари шӯриши зидди арабӣ дар Хуросон) ҳанӯз ба Аббосиён бовар мекард ва интиқоли қудрат ба Алавиёнро намехост. Аз ин рӯ ба муқобили исёнгарони Бухоро неруи ҷангии даҳ ҳазор нафараро фиристод. Ҷанг бо исёнгарон сию ҳафт рӯз давом кард. Сарвари исён Шарик ибни Шайх ҳалок шуд. Нерӯи ҷангии Абӯмуслим баъди Бухороро гирифтан шаҳрро оташ зад.[1]
Адабиёт
вироиш- ↑ Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с.87-88.