Садри Зиё

рӯшанфикири тоҷик
(Тағйири масир аз Шарифҷон Махдуми Садри Зиё)

Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (Муҳаммадшариф ибни Абдушшакури Оят; 1865[1], Бухоро1932) — давлатмард, қозӣ, шоир, тазкиранавис ва таърихнигори тоҷик, аз бунёнгузорони анҷуманҳои адабии равшанфикрӣ дар Бухоро ва мактаби усули ҷадид дар адабиёти тоҷик[2]. Падари Муҳаммадҷон Шакурӣ.

Садри Зиё
Таваллуд 1865[1]
Даргузашт 1932
Падар Абдушшакури Оят
Фарзандон Муҳаммадҷон Шакурӣ

Зиндагинома

вироиш

Шарифҷонмахдуми Садри Зиё соли 1965 дар шаҳри Бухоро дар хонадони донишманд ва шоир домулло Абдушшакури Оят ба дунё омадааст. Шариф номи ӯст, «махдум» — вожаест, ки ба номи муллозодагон илова мекарданд, «садр» — унвони илмии динист, ки баъд аз «ӯроқ» ва «судур» саввумин ва олитарин унвони уламо ба шумор меравад, Зиё тахаллуси адабиаш мебошад. Садри Зиё баъди хатми таҳсили улум дар мадрасаҳои Бухоро аз соли 1893 ба фаъолияти қозигӣ оғоз намуд, ки он то соли 1920 давом кардааст. Дар ин муддат ӯ дар туманҳои Зандане (Пешкӯ), Вобкент, Ғиждувон, бекигариҳои Чорҷӯй, Қаршӣ, Каркӣ, Шаҳрисабз қозигӣ кардааст. Вай баҳори соли 1917 қозикалони Бухоро шудааст.

Мероси илмию адабии Садри Зиё зиёда аз 60 асарро ташкил медиҳад. Муҳимтарини онҳо: «Наводири Зиёия», «Рӯзнома», «Тазкирату-л-хаттотин», «Таърихи амирони манғития», «Рисолаи асбоби инқилоби Бухоро» ва ғайраҳо мебошанд. Охири асри XIX ва аввали асри XX хонаи Садри Зиё (кӯчаи Хӯҷа Гулрез, 16-20) ба як маҳфили адабӣ табдил ёфта буд, ки дар он як зумра зиёиён иштирок намуда, баҳра гирифтаанд. С.Айнӣ, М. А. Мунзим ва дигарон иштирокчии фаъоли ҷамъомадҳои маҳфили адабии хонаи Садри Зиё буданд. Эҳтимол аст, ки дар натиҷаи таъсири ҳамин маҳфил, бо ташаббуси С. Айнӣ ва М. А. Мунзим, аз ҷумлаи толибилмони мадрасаҳои Бухоро, маҳфили дӯстдорони илми таърих бунёд гардида буд.[3]

Хонавода

вироиш

Аз ҷумлаи фарзандони Шарифҷон Махдуми Садри Зиё донишманди тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ мебошад.

  1. 1.0 1.1 https://www.ares.uz/storage/app/uploads/public/622/26a/350/62226a3509637140270671.pdf
  2. صدر ضیا، محمد شریف جان (بخارا ۱۸۷۱ـ۱۹۳۲ق). wikijoo.ir. ویکیجو. 14 Январ 2024 санҷида шуд.
  3. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011, — С .241