Шариф Абдураҳмонов
Шариф Абдураҳмонов (1898, ҷамоати Кӯиқозиён, ноҳияи Конибодом — 10 феврали 1983, Қӯрғонтеппа) — ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, аз оилаи деҳқон, яке аз иштирокчиёни фаъоли барқароркунии Ҳокимияти Советӣ дар шимоли Тоҷикистон.
Шариф Абдураҳмонов | |
---|---|
Абдураҳмонов Шариф | |
Зодгоҳ | ҷамоати Кӯиқозиён, ноҳияи Конибодом |
Таърихи даргузашт | 10 феврал 1983 |
Маҳалли даргузашт | Қӯрғонтеппа |
ЗиндагиномаВироиш
Фаъолияти кории ӯ хеле бармаҳал оғоз ёфт. Солҳои 1915 – 25 ба ҳайси коргари корхонаи истеҳсоли нефти САНТО (ҳоло КИМ), 1925 – 28 милитсионери Шуъбаи корҳои дохилаи шаҳри Конибодом, 1928 – 30 раиси Ҷамоати деҳоти Маҳрам, 1930 – 31 раиси батрачком, 1931 – 34 раиси комиҷроияи ноҳияи Конибодом, 1935 – 37 котиби ташкилоти ҳизби коммунистии колхози «Тоҷикистони Сурх», 1937 – 40 котиби аввали комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Даштиҷум, 1940 – 44 раиси артели «Болшевик»-и шаҳри Конибодом, 1944 – 46 раиси колхози «Тоҷикистони Сурх»-и ҳамин ноҳия, 1946 – 50 котиби аввали комитети ҳизбии шаҳри Кӯлоб, 1950 – 58 раиси колхози «Октябр»-и ноҳияи Қӯрғонтеппа ифои вазифа намудааст. Аз соли 1958 нафақагири дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буд.
ҶоизаҳоВироиш
Барои хидматҳои бардавомаш дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо ордену медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.