Шариф Ғаффоров (тав. 20.09.1942, деҳаи Хишортоби ноҳияи Айнӣ – ваф. 2009, ш. Душанбе), географ, номзади илмҳои география (1985).

Шариф Ғаффоров
Шариф Ғаффоров
Таърихи таваллуд 20 сентябр 1942(1942-09-20)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2009(2009)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҷуғрофия
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1960–1965 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Пас аз хатми донишкада соли 1966 дар сектори Атласи Тоҷикистон, соли 1967 сектори захираҳои маъдании ашёи хоми Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолии АИ ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1980–1986, 2000–2005 дар омӯзиши масъалаҳои инкишоф ва ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудааст. Солҳои 1982–1995 дотсенти кафедраи географияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷураев буд. Дар таълифи монографияҳои «Комплекси территориявию истеҳсолии ҷанубии Тоҷикистон», «Омилҳои инкишофи иқтисодӣ ва пешгӯии инкишофи асосӣ ва ҷойгиркунии қуваҳои истеҳсолии ҶШС Тоҷикистон дар давраи то соли 1990», «Тоҷикистон: табиат, захираҳои табиӣ», «Захираҳои ашёи хоми маъдании Помир», «Захираҳои ашёи хоми маъдании Тоҷикистон» иштирок кардааст.

Пайвандҳо

вироиш