Шарофат Мамадамбарова
Шарофат Мамадамбарова (тав. 1.06.1954, шаҳри Хоруғи ВМКБ), забоншинос, номзади илмҳои филология (1990), дотсент (1992).
Шарофат Мамадамбарова | |
Таърихи таваллуд | 1 июн 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ | Хоруғ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин , Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСоли 1976 шуъбаи англисии факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1976–1982 муаллими кафедраи типологияи муқоисавии факултети забонҳои хориҷии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1983–1987 аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин , 1987–1990 муаллим, 1990–1993 муаллими калони кафедраи фонетика ва лексикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраев, инчунин муовини декани факултет оид ба корҳои тарбиявию сиёсӣ буд. Солҳои 1993–2000 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев дар вазифаҳои мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, декани факултети таърих ва муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ, ҳамзамон солҳои 1999-2000 ҳамчун сарвари маркази Барномаи «Инсоншиносӣ» дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев кор кардааст. Аз соли 2000 ҳамчун мутахассис ва айни ҳол роҳбари Барномаи «Инсоншиносӣ»-и Оғохон дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад. Дар муддати зиёда аз 30 соли фаъолияти омӯзгориаш дар донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва ҳамчунин сарвари Барномаи «Инсоншиносӣ» садҳо мутахассисони маълумоти олидорро аз рӯи ихтисоси забони англисӣ ва фанҳои байнисоҳавии гуманитарӣ тайёр намудааст. Солҳои 1992 ва 2005 дар донишгоҳҳои Ҷорҷ Таун ва Ҷордҷиаи ИМА ҳамчун муҳаққиқ ба тадқиқоти илмӣ машғул буд. Солҳои 1994–1995 дар таҳияи маҷмӯаи «Ахлок ва Маърифат» барои кӯдакони синни томактабӣ ва синфҳои поёнӣ ширкат намудааст. Дар конференсияҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (Қирғизистон, ИМА, Канада) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Солҳои 1974-1976 вакили Комитети иҷроияи ноҳияи Октябри (имрӯза И. Сомонӣ) шаҳри Душанбе, 1997-1999 вакили Комитети иҷроияи шаҳри Душанбе интихоб шуда буд.
Ҷоизаҳо
вироишБо ифтихорномаҳои донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ сарфароз карда шудааст.
Осор
вироиш- Первые переводы «Гулистан»-а Саади на английском языке (ХIХ в), Д. 1987;
- Саади на альбионе славы, Д., 1990.
Пайвандҳо
вироишЭнсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ