Шаҳлут
Шаҳлут, шоҳлут
Як навъ хӯроки миллии қадимаи тоҷикон. Шаҳлутро чунин мепазанд: дилу ҷигар, гурда, баъзан шуш ва гӯшту дунбаи гӯсфандро реза мекунанд, сипас қимаи тайёршудро ба чарбуи рӯйи ишқамбаи гӯсфанд печонида, бо ришта мебанданд. Дар дег каме об гирифта, пиёз, биринҷ, намак, мурч, зира ва кабудӣ илова карда, мепазанд. Шаҳлутро ҳам гармогарм ва ҳам хунук карда истеъмол мекунанд. Дар водии Ҳисор нимфаъол аст.
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Шаҳлут // Энсиклопедияи соетии тоҷик, Ҷ.8,. – Душанбе, 1988, с.199.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 163
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |