Шаҳноза (Шаҳнози Беназир; 5 сентябри 1979, Хуҷанд) — шоири тоҷик. Узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (1998).

Шаҳноз Беназир
Таърихи таваллуд: 5 сентябр 1979(1979-09-05) (45 сол)
Зодгоҳ:
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Шаҳнози Беназир 5 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1997 Литсеи зодгоҳашро хатм карда, ҳамон сол донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гардидааст. Муддате таҳсилро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон идома додааст. Чанд сол котиби масъули маҷаллаи адабӣ ва илмӣ-оммавии «Паёми Суғд» ва котиби масъули Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд будааст. Баъдан, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъйин шудааст. Ҳоло дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунад.

Маҷмӯаҳои ашъораш «Мелоди орзу» соли 1997 ва «Фосилаи дастҳо» соли 2001 ба табъ расидаанд.

Дар ашъораш ишқи ҳақиқӣ ва муҳаббати маҷозиро хуб таҷассум кардааст. Тасвирҳояш нозук, ҷозибанок, забону тарзи баёнаш суфтаву ғанист. Шеъргӯйиро аз рӯи ҳавас интихоб накарда, ба шеъру шоирӣ назари ҷиддӣ дорад.

Соли 1998 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудааст[1].

  1. ШАҲНОЗА. ИНТ. 22 Декабри 2023 санҷида шуд.