Шаҳрисабз (деҳа, н. Рашт)

Шаҳрисабз (собиқ Качамандӣ[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт. Аз Шаҳрисабз то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 14 км. Аҳолиаш 971 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Шаҳрисабз
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рашт
Ҷамоат Деҳоти Нусратулло Махсум
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Качамандӣ
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 971 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3131

Таърих

вироиш

Деҳа дар замони шӯравӣ Качамандӣ ном дошт ва баъдан инро соли 2009 ба таври расмӣ Шаҳрисабз ном гузоштанд. Ҳоҷӣ Азамҷон (муаллим Азамҷон Ҳасанов), як сокини рустои Шаҳрисабз, аз бобоёнаш шунида буд, ки ҳануз 400 сол пеш ин деҳа на Качамандӣ, балки Шаҳрисабз ном доштааст[1].

Иқтисодиёт

вироиш

Деҳа дорои як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ[2], бунгоҳи тибӣ, 1 дорухона, китобхона, сартарошхона, толори волейбол, нуқтаи хидматрасонии маишӣ (толори сақозанӣ), 5 мағоза, бустонсаро, нуқтаи фурӯши маҳсулоти сузишворӣ, автосервис ва масҷиди панҷвақта мебошад. Мардуми деҳа ба чорводорӣ, ғаллакорӣ ва хусусан ба картошкапарварию боғдорӣ (себ ва нок) машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо ва аз дарёи Сурхоб обёрӣ мешаванд

  1. 1.0 1.1 Номҳои 33 деҳа тағйир дода шуд. Радиои Озодӣ. 17 май 2017 санҷида шуд.
  2. Суханронӣ дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Рашт. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (2 октябри 2008).

Сарчашма

вироиш