Турсунзода (шаҳр)

(Тағйири масир аз Шаҳри Турсунзода)

Турсунзода — яке аз шаҳрҳои саноатӣ–истеҳсолии Тоҷикистон аст. Масоҳат - 24,560 км² ташкил мекунад. Аҳолии шаҳри Турсунзода дар соли 2016 зиёда аз 52 800 нафар буд.[2].

Шаҳр
Турсунзода
Турсунзода
Кишвар  Тоҷикистон
минтақа Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода (аз 2020)
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1954
Номҳои пешина Регар
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 57 800[1] тан
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3130
Нишонаи почта 735000
regar.tj
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар Турсунзода намояндагони миллатҳои гуногун умр ба сар мебаранд. Шаҳри Турсунзода яке аз марказҳои саноати истеҳсолии Тоҷикистон буда дар 65 км ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Шаҳри Турсунзода диёри кӯҳҳои баланди пурбарф ва водиҳои гул-гул шукуфон мебошад.

Таърих

вироиш

Номи аввалаи ин шаҳри зебоманзар «Регар» буда, дар соли 1978 ба шаҳри Турсунзода иваз шуд. Таърихи номи Регар: дар гузашта шаҳр «Ҳисори поён» ном дошт, ки соли 1848 аз тарафи амири Бухоро Насруллохон торумор гашт. Аз шаҳр танҳо «Рехтагар» - ном маҳалла безарар боқӣ монд. Баъд аз он калимаи «Рехтагар» → «Рехтгар» → «Рехгар» ва ниҳоят номи «Регар»-ро гирифт. Ҳамин тавр дар миёнаи аcри XIX Регар, ба вуҷуд омад. Соли 1978 шаҳри Регар барои некдошти шоири забардасти Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, шаҳри Турсунзода номида шуд.

Аҳолӣ

вироиш
сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
50,9 52,4 53,7 55,7

Саноат ва истеҳсолот

вироиш

Дар инкишофи иқтисодии диёрамон ва шаҳри Турсунзода ҷои асосиро корхонаи алюминии Регар, ки соли 1975 сохта шуда буд, ишғол мекунад. Инчунин дар шаҳр заводи ноқилбарории “Регаркабел”, фабрикаи доруистеҳсолкунии “Анис”, корхонаи истеҳсоли равған, корхонаи чинибарорӣ, корхонаи геранбарорӣ, корхонаи хишт, корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи асфалтбарорӣ, корхонаи бетонбарорӣ, 2 комбинати ордбарорӣ, 12 колхоз ва даҳҳо фирмаҳои дигар ба шаҳрвандон хидмат мекунанд.

Дар Заводи арзии тоҷик (ТАЛКО) зиёда аз 13 ҳазор нафар кор мекунанд. ЗАТ ашёи маснуоти худро дар соли 2006 ба маблағи 1 миллиард 49,5 миллион сомонӣ ба хориҷа интиқол додааст. Моҳи сентябри соли 2006 завод барои маснуоти сифатбаланд соҳиби мукофоти ташкилоти байналхалқии фаронсавии «BID», «Ситораи алмосӣ» шуд.

Маориф

вироиш

Дар шаҳр 4 омӯзишгоҳи касбӣ, 4 литсей, 5 коллеҷи касбӣ (2 тиббӣ, омӯзгорӣ,металургӣ ва литсеи касбӣ-техникӣ) 2 гимназия ва 137 то мактаби миёна вуҷуд доранд[3].

Нақлиёт

вироиш

Роҳи асосие, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайвандад низ аз шаҳри Турсунзода мегузарад.

Зиёда аз 3000 то худравҳои сабукрави ”ТИКО” дар хидмати шаҳрвандони шаҳри Турсунзода мебошанд.

Роҳҳои автомобилгард, аз он ҷумла роҳи байналхалқие, ки кишварамонро бо хориҷа мепайвандад аз шаҳри Турсунзода мегузарад.

Масофаи байни пойтахти Тоҷикистон Душанбе ва ноҳияи назди сарҳадии Ҷумҳурии Узбекистон Сариосиё бо роҳи ДушанбеТермиз 64 км-ро ташкил мекунад.

Тандурустӣ

вироиш

Дар ноҳия 6 беморхона, 8 клиникаи хусусӣ, 10 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ 10 маркази пешгирӣ ва табобати бемориҳо, маркази саломатии шаҳр ва 50 хонаи саломатӣ фаъолият менамоянд.[3]

Табобатхонаи заводи алюминии тоҷик

вироиш

Табобатхоннаи Заводи арзии тоҷик (ТАЛКО) дар маркази шаҳри Турсунзода сохта шудааст.Дар табобатхона ашхосе, ки дар заводи алюминии тоҷик кор мекунанд, дар ин табобатхона бепул табобат гиранд. Ба ғайр аз коргарони завод одамон аз дигар ноҳияҳо омада дар ин табобатхона табобат мегиранд. Дар ин табобатхона табибоне, ки дар хориҷа таълим гирифтаанд фаолияти кори доранд ва дар хидмати шаҳрвандон доим тайёранд.

Боғи истироҳатӣ

вироиш

Боғи истироҳатии ҷавонон дар маркази шаҳр ҷойгир аст. Боғ бо чархофалакҳои нави аврупои тамин карда шудааст ва кудакон аз ноҳияҳо омада дар чархофалакҳо бозӣ мекунанд. Ғайр аз ин боғ, боз дар шаҳр боғҳои истироҳати вуҷуд доранд ва яке аз боғи зеботарин бо номи “Исмоили Сомонӣ” мебошад. Ин боғ соли 2006 ташкил карда шуда буд.

 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: