Шаҳри бостонии Панҷакент

Шаҳраки Панҷакенти қадим – дар 1,5 км қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст.

Панҷакенти қадим
Панҷакенти куҳна
Осорхонаи Панҷакент
Осорхонаи Панҷакент,сутун

Санагузорӣ

вироиш

Шаҳраки Панҷакенти қадим - мансуби асри V – VIII мебошад.

Ҳафриёт

вироиш

Панҷакенти қадим аз 3 қисмат – куҳандиз, шаҳристон ва қабристон иборат аст. Шаҳристон 13 га-ро ташкил медиҳад ва қариб ба пуррагӣ ҳаррофӣ шудааст. Кӯҳандиз ва қабристон бошанд қисман кофтуков шудаанд. Хонаҳо асосан аз хишти хом ва похса сохта шудаанд. Ёдгорӣ дар доираҳои илмӣ бо номи «Помпеи Шарқӣ» низ машҳур аст.

Таърих

вироиш

Бо нест шудани Саразм шаҳрсозӣ дар Суғд қатъ намегардад, балки дар гирду атрофи Самарқанд чандин шаҳристону деҳоти бузург бунёд намешаванд. Яке аз чунин шаҳрҳо, ки ҳоло дар территорияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷой гирифтааст, Панҷакент мебошад. Лекин Панҷакенти куҳан таърихи беш аз 1,5 ҳазорсола дорад ва пеш аз бармало шудани дини мубини ислом дар асрҳои V-VIII обод шудааст.

Соли 1947 Александр Маркович Беленитский бо роҳбарии Александр Юрьевич Якубовский ба омӯзиши мавзеи шаҳраки Панҷакенти қадим шурӯъ намуд ва аз соли 1954 сарварии корҳои бостоншиносии Панҷакентро ба уҳда гирифт. Осори ҳунари наққошӣ ва рассомӣ, нақшҳо дар чӯб, муҷассамаҳо аз гил ва ғайра, ки дар ҳафриёти экспедитсияи Панҷакент дастрас гардиданд, намоёнгари ғановати тамаддуни Суғд мебошанд, ки дар силки офаридаҳои санъати ҳунарии умумибашарӣ ҷой гирифтанд ва намунаҳояшон ба табъ расиданд. Дар мавзӯи Панҷакенти қадим чун шаҳр Беленитский рисолаи докторӣ дифоъ кард.

Панҷакенти бостонӣ

вироиш

Панҷакенти бостонӣ дорои ҳама ҷор рукни шаҳрдорӣ мебошад. Ҳоло аз зери хок деворҳои хонаҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва ибодатгоҳҳо баъзан-баъзан падид меоянд. Панҷакент - аз шаҳрҳои шарқии суғдзамин, тобеъи шаҳри Самарқанд будааст. Дар аҳди Деваштич ин маркази подшоҳӣ то дараҷае рушд мекунад, ки ба маркази Суғд шаҳри Самарқанд гардан намедиҳад, балки даъвои тобеъ кардани Самарқандро мекунад. Дар шаҳри Панҷакент мардуми суғд ба сар мебурдаанд ва бо забони суғдӣ муошират мекарданд. Кофтуковҳои археологӣ танҳо дар нисфи шаҳр сурат гирифтааст ва то ҳол идома доранд. Дар натиҷа қалъаи ҳокимнишин, ду ибодатгоҳ бо саҳни ҳавлӣ дар маркази шаҳр кӯчаи асосӣ ва даҳ кӯчаи тангкӯча, раставу дӯконҳои ҳунармандӣ, бозорҳо деворҳои дифоъии калъа ру заданд. Аён аст, ки дар ин шаҳр ғолибан ашрофзодаҳо зиндагӣ мекардаанд. Аммо бар ба барии эшон пешаварони қаторӣ ҳам фаъолият менамуданд. Хонаҳои истиқоматӣ аз ду ва се ошёна иборат буд. Аз эҳтимол дур нест ки дар ин шаҳр савдогарон ҳам иқомат доштаанд ва тиҷоратро тавассути корвон аз Чин то ба Рум тавассути роҳи абрешим ба роҳ мондаанд. Деворҳои ғафсу устувор, тангкӯчаҳои байни иморатҳо имкон медиҳад, ки мардум дар ин ҷо анборҳои ду қабата бино кунанд, ки гандумҳои хешро он ҷо маҳфуз медоштаанд. Ҳар як шаҳри толори меҳмонқабулкунӣ дошт, ки бо рангу реби хоси мардуми шарқ, кандакорӣ ва деворҳои он наққошӣ шуда буданд. Ҳар яки он мекӯшид, то меҳмонхонаи худро ба монанди қасри подшоҳ тамиз кунад, ки ин аз фарҳанги баланд доштани сокинони маҳаллист. Ҳоло аз чунин бозёфтҳо бештарашон дар осорхонаҳои бузурги худи ш.Панҷакент, ш.Душанбе ва эрмитажи ш.Санкт Петербург маҳфузанд.

Мардуми Панҷакент оини зардуштияро парастиш доштаанд. Ду маъбади бузург дар маркази шаҳр аз эътиқоди эшон гувоҳӣ медиҳад. Дар танаи чӯб худо тарошида шудааст, ки дар тахт менишинад. Чун дигар мардуми соҳибтамаддун яке аз шуғли асосии панҷакентиҳо боғпарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Аммо аҷиб он аст, ки даруни шаҳр на ягон дарахт буду на чорво, ба ҷуз ду дарахти муқаддас. Боғу роғро берун аз шаҳр обод мекарданд. Чорвои мардум ҳам берун аз шаҳр парвариш меёфт. Аз боқимондаҳои қубур бармеояд, ки шаҳр дорои системаи ягонаи канализатсия мебошад. Ҳарчанд шаҳр дар баландӣ ҷойгир аст, аммо тавассути қубур зери замин то маркази шаҳр об оварда мешавад ва аз чоҳҳои махсус, ки дар чанд ҷойи шаҳр вокеъ аст, об ба боло бароварда мешавад. Аз чи бошад, ки қалъаи ҳокимнишин ва идораҳои назорати берун аз шаҳр ҷойгир шудааст. Деваштич ба шаҳр тавассути роҳи вижа ворид мешудааст. Аз бозёфтҳои худоҳои ҳархела маълум мегардад, ки бозоргонӣ дар шаҳр роҳат будааст ва мардум аз ҳар канору гӯшаи дунё савдо мекарданд. Ва барошон шароит муҳайё шудааст, то ҳар кас парастиши дини худ кунад.

Ба зиндагии осоиштаи мардуми Панҷакенти бостонӣ ибни Кутайба - лашкаркаши араб хотима гузошт. Баъди тасхир кардани Самарқанд ба Панҷакент лашкар мефиристад. Деваштич муқовиматро беҳуда дониста, ба халқаш дуо мегӯяду Панҷакентро ба араб месупорад. Ҳоло бархе аз олимон чунин меангоранд, ки Деваштич дар нишеби умраш ба ислом гаравидааст.

Суғдихо аз дастовардҳои тамадуни халқҳои бузурги замони хеш огаҳ будаанд. Аз ин лиҳоз дар фарҳанги эшон ҷузъҳои фарҳанги мардуми ғайрро аз ҷумла Руму Ҳиндуро дучор омадан мумкин аст. Аммо санъату фарҳанги суғдҳо бо вижагии сабк, услуби нотакрор ва ҷузъҳои тафовутпазир аз маданияти дигар халқҳо фарқ мекунад.

Бозёфти Панҷакенти куҳна барои таърихи Тоҷикистон дастоварди беназир аст, чунки нигораву ёдгориҳо адабиёт, фолклор, расму ойини гузаштаи халқи тоҷикро инъикос мекунад ва боз як далелест барои ғуруру ифтихор![1]

Пайвандҳо

вироиш