Шерак — марде сакоӣ, каҳрамони афсонаӣ, ки муаллифони Юнони Бостон аз ӯ хабар додаанд.

Шерак
Таърихи даргузашт 519 то м.

Нависандаи юнонӣ Полиен ҳикоят мекунад, ки шоҳи Эрон — Дориюш азми юриши зидди сакоиҳо кард. Чупон Шерак қарор медиҳад, ки ҳамқабилагони худро аз бадбахтӣ раҳо кунад. Вай худро маъюбу маслуқ сохта ба урдугоҳи форсҳо меравад ва ба Дориюш арз мекунад, ки шоҳони сакоиҳо уро ба ин ҳол овардаанд ва у аз онҳо қасос гирифтанист. Шерак бо ин баҳона ба аскарони форс роҳбалад шуда, онҳоро (бо сардории Доро) ба биёбони регзоре меоварад, форсҳо дар он ҷо аз гуруснагию ташнагӣ қариб ҳалок шуда буданд. Форсҳо бо машаққати зиёде то ба рӯди Бохтар расиданд ва ҷон ба саломат бурданд. Шерак қаҳрамонона ҳалок шуд, вале халқи худро аз марг наҷот дод.

Адабиёт

вироиш
  • Шерак / И. В. Пьянков // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).