Шерзот Абдуллоев (26 сентябри 1946, деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент) — файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1983).

Шерзот Абдуллоев
Шерзот Абдуллозода
Таърихи таваллуд 26 сентябр 1946(1946-09-26) (78 сол)
Зодгоҳ деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Шерзот Абдуллоев соли 1970 факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1970—1972 дар Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон кор карда, 1972—1976 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аз таъриху назарияи дин дарс гуфтааст. Солҳои 1976—1979 дар сохтмони силуи ғаллоти шаҳри Бруҷерди Эрон ба сифати тарҷумон кор кардааст. Солҳои 1979—1982 аспиранти шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ буд. Солҳои 1992—2009 вазифаи мудири Шуъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафаи АИ ҶТ-ро ба уҳда дошт. Солҳои 1989—2002 ба ҳайси ҳамкор дар кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Муовини директри Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ (аз 2009—2014). Ҳоло ходими пешбари шўъбаи масоили фалсафии дини Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ ва сиёсатшиносии АИ ҶТ ва устоди Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибн Собит мебошад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муллифи беш аз 200 номгў асару мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ мебошад. Ӯ соли 1983 рисолаи илмии номзадиро дар мавзӯи «Оқибатҳои иҷтимоии инқилоби илмию техникӣ аз дидгоҳи уламои ислом» (дар мисоли кишвари Эрон ва кишварњои арабӣ) дар Академия Улуми ҷомеашиносии назди КМ КПСС дар Москва дифоъ намуд. Таълифотҳои ӯ масъалаҳои исломи муосир дар арсаи сиёсат ва идеология, исломшиносӣ, диншиносӣ, озодфикриву маорифпарварӣ, ахлоқ ва инсондӯстиро фаро гирифтаанд. Ду рисолаи калонҳаҷм: «Асосҳои диншиносӣ»,"Маърифати ислом (Исломшиносӣ)" ва як рисола бо номи «Фалсафаи одамият» нашр гардиданд. Агар навовариҳои муаллифро дар соҳаи илми диншиносӣ баршумурдан хоҳем, дар китоби «Асоси диншиносӣ», ҳам дар қисмати фалсафаи дин ва ҳам дар қисмати таърихи дин хеле зиёданд. Аввалан, ин китоб ҳам дар услуб ва ҳам дар муҳтаво назар ба китобҳои ҳам дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва ҳам берун аз он навишта шуда, фарқи ҷиддӣ дорад ва ҳам аз лиҳози назарӣ ва ҳам мўҳтавои илмӣ, навоварӣ дида мешавад. Навовариҳо дар китоби «Исломшиносӣ», ки аввал фушурдаи он бо номи «Муқаддима ба исломшиносӣ» ба табъ расида, соли 2015 ба пурагӣ бо номи «Маърифати ислом (исломшиносӣ)» аз чоп баромад. Шерзот Абдуллоев дар давраи баъди истиқлол, дар 8 конференсияву ҳамоишҳо ва конгрессҳои байналхалқӣ иштирок ва суханронӣ кардааст. Аз ҷумлаи онҳо Конференсияи байналхалқии ЮНЕСКО оид ба фарҳанг ва дин дар Осиёи Марказӣ, (ш. Бишкек, 1999), «Маҷмаъи фарҳангии Осиёи марказӣ» (ш. Алма-Ато, 2000), Конференсияи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ: бехатарӣ ва субот баъд аз баҳамкӯбии ҳаракати Толибон (ш. Истамбул, 2001) ва ғайраҳо. Дар тарбияи олимони ҷавон ва мутахассисони омӯзгории ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро дорад.[1]

  • Исломи муосир дар арсаи сиёсат ва идеология, Д., 1990;
  • Маорифпарварӣ ва озодфикрӣ (Афкори динию фалсафӣ ва ислоҳотии Аҳмади Дониш), Д., 1994;
  • Ҳунари раҳбарӣ ва суннатҳои давлатдорӣ, Д., 1995.
  • Муқаддима ба исломшиносӣ, Д.,1998;
  • Асосҳои диншиносӣ (Китоби дарсӣ), Д., 2001;
  • Фалсафаи одамият: масъалаи инсон дар адён ва гуманизми қуръонӣ (Китоби дарсӣ), Д., 2003;
  • Муқаддимаи фалсафа (Китоби дарсӣ), Д., 2004;
  • Маърифати ислом (исломшиносӣ), Д., 2015.

Пайвандҳо

вироиш