Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон) — муассисаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Номи аслӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Номи байналмилалӣ англ. Academy of Sciences of Tajikistan
Номҳои пешина Пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии тоҷикистонии АИ ИҶШС (1932—1941) → Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941—1951) → Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951—1991) → Академияи илмҳои Тоҷикистон (1991—2020)
Соли таъсис 1951
Президент Қобилҷон Хушвахтзода (аз 2024)
Академикҳо 26
Аъзои вобаста 45
Докторони илм 144
Номзадони илм 292
Макон  Тоҷикистон: Душанбе
Нишонии ҳуқуқӣ 734025, хиёбони Рӯдакӣ, 33
Сайт amit.tj
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он академик Сергей Олденбург таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника, зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт[1].

Соли 1940 Пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон бо институтҳои геология, ботаника, зоология ва паразитология, таърих, забон ва адабиёт табдил дода шуд. Филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравиро академик Евгений Павловский роҳбарӣ менамуд, ки ӯ дар барқарор ва пешрафти илм дар Тоҷикистон хидматҳои зиёде кардааст.

Бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳодди Шӯравӣ аз 9 октябри соли 1950 дар асоси Қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд[2]. Ба ҳайати он муассисаҳои илмии зерин дохил карда шуданд: Институти геология, Институти химия, Институти сейсмология, Институти ботаника, Институти зоология ва паразитология, Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия, Институти зотпарварӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти забон ва адабиёт, Расадхонаи астрономӣ, Шуъбаи пахтапарварӣ, Шуъбаи фалсафа ва Шуъбаи иқтисодиёт.

Ба ҳайати Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 3 академики ифтихорӣ Алекасандр Несмеянов, Евгений Павловский, Қаниш Сатбоев, 11 академик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Иван Антипов-Каратаев, Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Семён Плешко, Александр Семёнов, Николай Смолский, Сороҷон Юсуфова, Ҳикмат Юлдошев, Александр Якубовский ва 14 аъзои вобаста дохил шуданд[3].

Сохтор

вироиш

Дар сохтори академия 3 кафедра ва 20 институти илмӣ-тадқиқотӣ мавҷуданд:

  • шуъбаи илмҳои физикаву риёзиёт, химия, геология ва техникӣ (ноиби президент — раиси шуъба академики АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова);
  • Муассисаҳои илмии шуъба:
  • Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав;
  • шуъбаи илмҳои тиб (ноиби президент — раиси шуъба академики АМИТ);
  • шуъбаи илмҳои биология (ноиби президент — раиси шуъба академики АМИТ Абдусаттор Саидов);
  • шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (ноиби президент — раиси шуъба, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз);

инчунин филиали Помир (шомили 2 институт), маркази илмии Хуҷанд, маркази илмии Хатлон ва як чанде дигар муассисахои илмӣ, нашриёти «Дониш», Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ.

Президентҳои академия

вироиш
 
Садриддин Айнӣ, нахустин президенти Академиям фанҳои РСС Тоҷикистон

Нахустин президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, арбоби барҷастаи илму маданияти Тоҷикистон, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ (1951—1954), интихоб гардид. Сипас дар солҳои мухталиф донишмандони маъруф Султон Умаров (1954—1964), Муҳаммад Осимӣ (1965—1988), Собит Неъматуллоев (1988—1995), Ӯлмас Мирсаидов (1995—2005), Мамадшо Илолов (2005—2013) ва Фарҳод Раҳимӣ (2013—2024) президентҳои Академия буданд[1].

Аз таърихи 16 январи 2024 токунун президентии акадамияро Қобилҷон Хушвахтзода бар уҳда дорад[4].

Ислоҳоти академия

вироиш

Бо мақсади беҳинасозии фаъолиятҳои илмию таҳқиқотӣ аз 4 феврали соли 2011 № 33 Ҳукумати Тоҷикистон қарореро дар мавриди ислоҳоти сохторӣ ва идории Академия илмҳои ҷумҳури тасвиб кард. Бар асос ин тасмим,

Вазъияти кунунии Академия

вироиш

Соли 2015 ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили 16 муассисаи илмӣ буд, ки дар онҳо 2 ҳазор нафар кор мекарданд[6]. Дар соли 2014 Академия 4,5 миллион сомонӣ фоида ба даст овард[6].

Узвият

вироиш

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷӣ аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раёсати АМИТ шумораи умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳоро муқаррар мекунад[7].

Вазифаи аслии аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ғанисози илм бо дастовардҳои ҷадид аст. Аъзои АМИТ барои якъумра тавассути Анҷумани умуми академия интихоб мешаванд. Донишмандоне, ки илмро бо осори боаҳамияти илмӣ ғанӣ кардаанд ба унвони аъзои павастаи АМИТ интихоб мешаванд. Аъзои вобаста донишмандоне мунтахаб ҳастанд, ки илмро бо осори илмии барҷаста ғино бахшидаанд. Фақат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд академик ва аъзои вобастаи АМИТ шаванд. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои саҳми бузург дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва илму техника метавонанд узви фахрии АМИТ интихоб карда шаванд. Донишмандони барҷастаи илмию фарҳангии хориҷӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ ва миллӣ, ҳамчунин барои мусоидат дар омодасозии олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд мақоми аъзои хориҷии АМИТ-ро касб кунанд.

  1. 1.0 1.1 Маълумоти таърихӣ / Президентони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон). АМИТ. 3 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2023.
  2. Академия наук Таджикской ССР // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
  3. Маълумоти таърихӣ. anrt.tj. АМИТ. 3 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2023.
  4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин намудани Хушвахтзода Қ. Х.. www.prezident.tj. Президенти Тоҷикистон (16 Январ 2024). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
  5. История таджикского народа. Том VI. Новейшая история (1941—2010 гг.). Д., 2011, — С. 609
  6. 6.0 6.1 Чем занимается Академия наук?(пайванди дастнорас — таърих). 15 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 апрели 2018.
  7. Оинномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. anrt.tj. АМИТ (14 Январ 2022). 3 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2023.

Пайвандҳо

вироиш