Шерғозӣ Абдулофизов

Шерғозӣ Абдулофизов (тав. 1947, ш. Хоруғ) – риёзидон, омӯзгор, доктори илмҳои физика математика, профессор.

Абдулофизов Шерғозӣ File:Cурат.jpg
Таърихи таваллуд 12 сентябр 1947(1947-09-12) (77 сол)
Зодгоҳ Хоруғ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Зиндагинома

вироиш

Шерғозӣ Абдулофизов солҳои 1963–1967 дар факултети физикаву математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1967–1968 муаллими физика-математикаи мактаби миёнаи №6 ш. Хоруғ буд. Солҳои 1969–1975 ҳамчун муаллими кафедраи анализи математикии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко фаъолият намудааст. Солҳои 1975–1978 аспиранти Донишкадаи омӯзгории ба номи Герсини ш. Ленинград, 1978–1989 муаллими калон, 1989–1992 дотсенти кафедраи анализи математикии донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Аз соли 1992 ба ҳайси дотсенти факултети математикаи Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ба номи М. Назаршоев фаъолият намуд. Соли 1995 муддате ба хайси ректор Донишгохи давлатии ш. Хоруг кор ва фаьолият намуд.Инчунин вазифаи муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба корҳои тарбиявӣ ва илмиро ба уҳда дорад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон»,сарфароз шудааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи зиёда аз 25 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ мебошад аз ҷумла "Нишондоди методӣ оид ба ҳалли мисол ва масъалаҳо аз анализи математикӣ". Қисми 4. - Хоруғ, 2007 ва диг.

Пайвандҳо

вироиш