Шикоргарӣ (порсӣ: شکارگری ) – маҳорат ва санъати баланди касбиро талаб менамояд. Дар солҳои пеш ин пешаро мардум арҷ гузошта, бо ихлосу эҳтиром аз насл ба насл интиқол медоданд. Пир ва ҳомии шикорчиён ҳазрати Довуд ҳисоб мешуд, ки ӯ дар байни одамон бо номи пир ё устои шикор намояндаи махсусе дошт. Пири шикорчиён мӯйсафеди табарруки собиқ шикорчие буд, ки ҳама ӯро иззату ҳурмат мекарданд ва бо дуову фотиҳаи ӯ ба шикор мебаромаданд. Ӯ ба шикорчиёни ҷавон нозукиҳои касбро меомӯхт, маслиҳатҳо медод, панду насиҳат мехонд. Шикорчиёни ҷавон бехато тир андохтан, дар мавридҳои даркорӣ зуд пинҳон шудан, ба овози ҷонварон тақлид кардан ва нотарсию чусту чолокиро аз ӯ ёд мегирифтанд.

Мисли дигар касбҳо шикоргарӣ ҳам рисолаи худро доштааст, аммо аксари мардуми кӯҳистон онро дар даст надоштанд. Устод ба шикорчиёни ҷавон мазмуни рисоларо ба тарзи шифоҳӣ бо суханони худ ҳикоят менамуд, қоидаву меъёрҳо, шеваи рафтор, ростқавлию ростгӯйӣ ва монанди инҳоро меомӯзонид. Сайди аввалини афкандаи худро шикорчии ҷавон ба унвони худоӣ бояд хайру садақа мекард. Ӯ бузи кӯҳи ё оҳуи задаашро хӯрок пухта, устод ва меҳмонони омадаро зиёфат медод. Пир ё мулло рисолаи касби шикорчигиро хонда, ба арвоҳи гузаштагон ин пеш мебахшид. Баъд аз зиёфат шикорчии ҷавон ба устод ҷомаву дастор туҳфа мекард, устод низ дар навбати худ ба шогирд ягон аслиҳаи шикориро тақдим менамуд.

Аслиҳаи асосии шикорчиён тӯфанг (милтиқ) ё пилтакамон буд, ки ба кӯҳистон аз шаҳрҳои Бухоро, Ҳисор ва ғайра мебурданд. Тӯфангхоро вобаста ба маҳалли сохта шуданашон чунин номгузорӣ карда буданд: фарангии бухорӣ, самарқандӣ, ҳалёбодӣ, давлатободӣ, аланазарӣ, шаҳрисабзӣ, қирғизӣ, инчунин навъҳои камони шохак, даҳанпур, патокӣ ва ғайра. Тӯфанг ё камон дар рӯзгори мардум қадру қимати баланд дошт, онро ҳатто ба рӯйхати қалини арӯсӣ низ дохил карда буданд. Тӯфанги пештара аз якчанд қисм иборат буд, ки ҳар як қисм номи худро дошт: мил, қундоқ (кунда), пилта, моша, пилтакуш, дугаза, сумба ё сумбачӯб ва чанде дигар. Тасмаи тӯфангро аз китф гузаронида, тӯфангро ба пушт мегирифтанд. Дар миёни худ шикорчӣ камарбанди чарминро мебаст, ки ба он баъзе лавозимоти шикорӣ устувор шуда буданд. Масалан, камарча халтачаи чармие буд, ки дар он қутии борут, ченак ва дигар чизҳо гузошта мешуд. Ба камарбанд аштарак – чангакҳои оҳанӣ, қуттии тирдон, чақмоқ ва қаторвазма меовехтанд.

Инчунин шикорчӣ шикорчӯби рост ва баробари қади худ дарозро бо нӯги тези оҳанин, ки онро буноҳан меномиданд, ҳамроҳи худ мегирифт. Шикорчӯбро аз чӯби дарахти бед тайёр мекарданд ва он барои дар кӯҳ роҳ рафтан ва бо мақсади дифоъ аз ҷонварони пӯрзӯр истифода мегашт. Шикорчӣ кӯлборе бо номи замбила дошт, ки ба он тӯшаи худ: нон, тутмавиз, талқон ва ғайраро меандохт. Баъзе шикорчиён камонғулак – як навъ аслиҳаи оддиро ҳамроҳ мегирифтанд. Чӯби камонғулак аз аз шохи дарахти ирғай ва зеҳи он аз рӯдаи гӯсфанд тайёр мешуд. Дар миёнаи ду тори зеҳи он тур – латтае баста шуда буд, ки ба он сангчаҳоро гузошта, паррандаҳои хурдро шикор мекарданд.

Дору – борути камонро худи шикорчиён тайёр мекарданд. Дору аз олтингӯгирд (кибрит), ангиштпора ё лахча, шӯра (намакхок) дар муддати се-чор рӯз тайёр карда мешуд. Олтингӯгирдро аз шаҳру водиҳо меоварданд, лахча аз чӯби арча таҳия мегашт ва шӯраро аз хоки намакдор мегирифтанд. Ин маводро кӯфта, бо об омехта мекарданд ва аз намад гузаронида, меполуданд. Сипас маҳлули ҳосилшударо дар зарфе болои оташ гузошта, то ба ғафс шуданаш меҷӯшониданд. Пас аз он гирифта дар офтоб мехушкониданд. Барои озмоиш қадре аз онро гирифта, ба оташ мепартофтанд, агар дору дар оташ сӯзад, пас борут тайёр шудааст. Ба хокаи тайёршуда каме об пошида, мешӯриданд ва аз он саққочаҳои хурд сохта, дубора мехушкониданд. Тири тӯфангро аз сурб худи шикорчиён тайёр мекарданд. Сурбро аз Ҳисору Фарғона ва ҷойҳои дигар ба ивази ғалла меоварданд, ё бо пул мехариданд. Тир дар қолиб рехта мешуд, ки он тиррез ном дошт. Қолибро аз ду парра санг месохтанд ва дар онҳо ду ё чор чуқурчаи сурбрезӣ мекофтанд. Сипас парраҳоро ба ҳам баста, аз сӯрохии махсус сурбро гудохта ба он мерехтанд. Вақте ки сурб сах шуд, қолибро кушода, тирҳои кулӯларо гирифта, бо сӯҳон ё қайроқсанг соида ҳамвор мекарданд. Дар байни шикорчиён якчанд бовару шугунҳо роиҷ буд. Мардуми кӯҳистон ба мавҷудияти махлуқоти фавқуттабиӣ ба монанди аҷина, парӣ, ғул ва ғайра бовар доштанд. Агар шикорчӣ дар кӯҳ ягон лавозимоти худро гум кунад, мегуфтанд, онро парӣ ё аҷина гирифтааст. Онҳо барои ҳимоят аз зиёни махлуқҳои мазкур ва бо мақсади омад кардани шикори худ тӯмору кӯрхат, баъзе узвҳои ҷонварони пурзӯрро гирифта мегаштанд. Ба шикор танҳо намерафтанд, одатан, ду нафар шуда ба кӯҳ мебаромаданд, зеро дар кӯҳистон бо хирсу гург ё бо ягон хатари дигар рӯ ба рӯ шудан эҳтимол дошт. Пеш аз шикор сайёдон таҳорат ва шустушӯ карда, пагоҳии барвақт ба роҳ мебаромаданд, то ки касе онҳоро набинад. Зеро аз чашми баду рашку ҳасад низ худро эҳтиёт мекарданд. Агар аз пешашон ба тасодуф зане гузарад, шикорчиён ин сафарро бехосият шумурда, аз роҳашон бармегаштанд. Инчунин дар аввали шикор вохӯрдан бо мор, гурба, рӯбоҳ низ шугуни бад ҳисоб меёфт.

Дар байни мардуми кӯҳистон ду навъи шикор вуҷуд дошт: ба тарзи якнафарӣ ё дунафарӣ дар фаслҳои баҳору тобистон ва ба таври гурӯҳӣ дар фасли зимистон. Шикори гурӯҳиро шикори ҳалқия, ҳалқашикор ё қанарғашикор меномиданд. Усули ҳалқашикор, одатан, барои шикори нахчирҳо ба кор бурда мешуд. Вақте ки зимистон барф зиёд меборид, нахчирҳо аз кӯҳҳо барои ҷустани ғизо ба водиҳо мефаромаданд ва ба деҳаҳо наздик меомаданд. Дар шикори гурӯҳӣ 10-20 нафар шикорчӣ, баъзан то 80-100 нафар мардони аз 15-16 сола сар карда то пирамардон ҳам иштирок мекарданд. Онҳо ду нафар шикорчиёни ботаҷрибаро барои дидбонӣ ва муайян кардани маҳалли ҷойгиршавии нахчир мефиристоданд. Шаб мардон дар масҷид ҷамъ омада, нисфи шаб ба роҳ мебаромаданд ва баробари дамидани субҳ атрофи рамаи нахчирҳоро ҳалқавор печонида мегирифтанд. Онҳо ҳалқаро оҳиста-оҳиста танг кардан мегиифтанд. Шикорчиён бо тӯфангҳо мусаллаҳ буда, ба сӯйи нахчирҳои наздикомада тир мекушоданд. Ҷавонони дигар бо чӯбҳо ва сангҳо пеши роҳи нахчирҳоро гирифта, онҳоро тарафи тӯфангдорон мегардониданд. Баъзе шикорчиён сагҳои ҳушёру зираки худро низ бо худ мегирифтанд. Шикори гурӯҳӣ ҳамин тавр то бегоҳ давом мекард. Шикорчиён рӯзе аз 10 то 70 нахчирро сайд мекарданд. Агар нахчир дар назди онҳо ба ҳалок шудан мерасид, сари онро зуд бурида, ҳалол менамуданд. Бегоҳ нахчирҳои шикоршударо ба масҷид меоварданд ва онҳоро сардори шикорчиҳо ё оқсақоли деҳа, ки шикорро роҳбарӣ кардааст, ба иштироккунандагони шикор тақсим карда медод. Аз гӯшти нахчирҳо ба ҳамаи аҳли деҳа кам-кам мерасониданд. Як қисмашро дар масҷид ё аловхонаи деҳа хӯрок пухта худоӣ медоданд. Шикори инфиродиро тоқашикор меномиданд, ки онро дунафарӣ анҷом медоданд. Дар вақти шикори тобистона шикорчӣ як рӯз пештар чарогоҳ ва ҷойи шабгузаронии нахчирро пайдо карда, рӯзи дигар вақте ки нахчир омад, ӯ ба нишон гирифта мепаронд. Нахчири бачадорро шикор кардан манъ буд.

Дар тирамоҳ сайёдони танҳогард ба шикори бузи кӯҳӣ мебаромаданд. Онҳо роҳи гузаштани рамаи бузҳоро медонистанд ва дар он ҷо хоначаҳои хурде месохтанд, ки он тоҳирхона ном дошт. Дар ин бошишгоҳ якчанд рӯз камин гирифта, менишастанд ва ҳангоми аз дара гузаштани бузҳои кӯҳӣ онҳоро ба нишон гирифта, мепарониданд. Дар Язғулом ин гуна бошишгоҳро «чач» меномиданд, ки он аз санг сохта мешуд. Аммо «чач» дар навоҳии ҷанубии Тоҷикистон олоти шикори моҳиро меноманд. Навъҳои дигари шикор ба ҷонварони хурд ва паррандаҳо низ роиҷ буданд. Тавассути қапқон ва чатакпай шикорчиёни Дарвоз рӯбоҳ, савсор ва суғурро барои пӯсташон шикор мекарданд. Дар Қалъаи Хумб барои сайд кардани кабкҳо навъи шикори гуши гургак маъмул буд. Дар пораи матоъе парҳои кабкро баста, дар он сӯрохие барои чашмҳо боз мегузоштанд. Ин пораи матоъро шикорчӣ ба сараш пӯшида, байни сангҳо пинҳон мешуд ва кабкҳоро шикор мекард. Дар деҳаи Ёгеди Дарвоз навъи махсуси шикори кабӯтарҳои ёбоӣ маъмул буд, ки дар дигар ноҳияҳо дида намешуд. Он кафтараловзанӣ ном дошт. Он усулро дар шабҳои фаслҳои баҳору тобистону тирамоҳ ба кор мебурданд. Шикорчиён медонистанд, ки кабӯтарҳо шабона дар ғорҳои кушода мехобанд, яке шикорчиён ба он ҷо рафта, пинҳон мешуд. Вақте ки шаб кабӯтарҳо ором шуданд, ӯ ба машъали қаблан тайёршуда, оташ мезад ва сару рӯяшро бо ҷома пӯшонида менишаст. Дигар рафиқонаш ба сӯйи кабӯтарҳо санг мепартофтанд ва кабӯтарҳоро бедор менамуданд. Кабӯтарҳо худро ба самти рушноӣ зада, ба машъал наздик меомаданд. Аз ин фурсат истифода бурда, шикорчиён бо даст онҳоро дошта гирифта, ба саночҳо меандохтанд. Дар Қалъаи Хумб дар тирамоҳ шикорчиён ба шикори сагобӣ машғул мешуданд. Дар наздикии дарёи Панҷ кӯзаи калоне бо сӯрохии танг гузошта, ба дарунаш рӯдаи чорпоро меандохтанд. Як нӯги рӯдаро ба кӯза баста мемонданд. Сагобӣ ба даруни кӯза даромада, бо иштиёқ рӯдаро хӯрда, дар даруни кӯза руст мешуд ва баромада наметавонист. Шикорчиён тохта омада, онро дастгир мекарданд ва пас аз куштани сагобӣ пӯсташро бо нархи гарон мефурӯхтанд.

Шикори моҳӣ низ аз дарёҳову ҷӯй ва кӯлҳо бо роҳу усулҳои гуногун анҷом дода мешавад. Моҳиҳоро тавассути шаст, нашпул, тӯри дастӣ, чач, сабад ва ба воситаи дастҳо шикор мекунанд. Чач як навъ доми сабадмонанде мебошад, ки онро ба тангнои ҷӯйи об мегузоранд ва атрофашро бо сангҳо маҳкам мекунанд. Ду нафар аз самти дигари ҷӯй моҳиҳоро пеш ронда, ба сӯйи чач меоранд. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба даруни чач даромада, дигар қафо гашта баромада наметавонанд.

Дар замони муосир, шикори баъзе ҷонварон, бинобар ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шуданашон, мамнуъ ва ё маҳдуд гаштааст. Аз ҷониби дигар рушд ёфтани соҳаҳои кишоварзию боғдорӣ ва чорподорӣ мавқеи касби шикорчигиро як андоза танг кардаанд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 68 - 70.