Шикор
Шикор (порсӣ: شکار ) – шуғл ва яке аз воситаҳои дарёфти ризқ ва рӯзгузаронии мард ба шумор меравад. Шахси ба ин пеша машғулро шикорчӣ, сайёд, мерган ва тирандоз меноманд. Шикор шуғли одамон аз давраҳои қадим ба шумор меравад ва аксарияти халқҳои ҷаҳон дар гузашта шикорро барои ризқу рӯзии доимии ҷомеа истифода мебурданд. Вобаста ба ҷой ва маскани ҳаёти хеш одамон ба намудҳои гуногуни сайд - ҳайвоноту парранда шикор мекарданд.
Дар кӯҳистони тоҷикнишин ҷонварони гуногуни сайдшаванда: бузи кӯҳӣ, нахчир, оҳу, хирс, суғур, рӯбоҳ, гург, заргӯш, саги обӣ, кабк, бедона ва ғайра зиндагӣ мекунанд, ки шикорчиён маҳсулоти онҳо – гӯшт, тухм ва пӯсту равғанашонро гирифта, бо мақсадҳои мухталиф истифода мебаранд. Мардум ҳайвонҳои шикоршавандаро аз нигоҳи шариат ба гурӯҳҳои гӯшташон ҳалол ва ҳаром ҷудо кардаанд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 68 - 70.