Шимъуни Ҳохом, Шамъуни Ҳаким (1830—1909) — ношир, адиб ва тарҷумони яҳудиёни форсизабони Осиёи Миёна.

Шимъуни Ҳохом

Талифот

вироиш

«Амнуну Томор» ном достони манзуму мансури халқиро ба вазни «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ аз забони ибрӣ ба тоҷикӣ гардонда, дар он инчунин аз достони Низомӣ иқтибосҳои зиёде овардааст. Шимъуни Ҳохом асарҳои Шоҳини Шерозӣ («Ардашер ва Эстер», «Юсуф ва Зулайхо», «Азроъ», «Мусонома» ва ғ.) ва шоири асри 17 Ғориби Самарқандӣ («Шоҳзода ва Суфӣ», «Махзан-ул-панд»), «Лайлӣ ва Маҷнун»-я Низомии Ганҷавӣ, ғазалҳои Ҳофизи Шерозиро аз хатти арабӣ ба ҳуруфи нуқатдори ибрии яҳудиёни Бухоро рунавис карда, бо шарҳу тавзеҳоти муфассал нашр кунондааст. Шимъуни Ҳохом мураттиби луғати мухтасари русӣ—тоҷикӣ—ибрист, ки чун замимаи «Шоҳзода ва Суфӣ» ба табъ расидааст. Осори нашркардаи Шимъуни Ҳохом дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон маҳфузанд.

Адабиёт

вироиш
  • Шимъуни Ҳохом / Н. Муллоқандов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).