Ширини Бухороӣ, Муҳаммадшариф ибни Абдурраҳими Балхӣ (қарни XIX) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.

Ширини Бухороӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Бухоро таваллуд ёфта, дар ҳамин ҷо касби камол кардааст. Забонҳои туркӣ, арабӣ ва илми мусиқиро медонист. Бино ба маълумотп Айнӣ («Намунаи адабиёти тоҷик») ва Возеҳ («Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб») Ширини Бухороӣ шахси илму ҳунардуст, озодфикр ва соҳиби табъи баланд будааст. Бо мақсади тиҷорати китоб ба шаҳрҳои Россия сафар мекард. Ғазалҳо ва абьёти парокандаи Ширини Бухороӣ, ки дар тазкираву баёзҳо оварда шудаанд, аз истеъдоди баланди шоир дарак медиҳанд. Дар онҳо зебоии ёр ва хушиҳои зиндагӣ васф шудаанд, Ширини Бухороӣ ба се забон (форсӣ, арабӣ, туркӣ) марсияҳои пурсузу гудоз ва ғазалу мухаммасҳои дилошӯб навиштааст.

Байти зер намунае аз ашъори уст:

Гаҳ аз сурхии ғабғаб лаълро дар санг бигдозад.
Гаҳ аз рангинии лаб хун диҳад ёқути олиро.

Адабиёт

вироиш
  • Ширини Бухороӣ / М. Эшов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).