Ширкаду — навъи таом, ки аз давраҳои қадим дар байни тоҷикон маъмул аст. Тарзи омо­да кардани ширкаду дар аксар но­ҳия­ҳои Тоҷикистон тақрибан ҳамгун ме­­бошад. Кадуи расидаро аз пӯсту дона ҷудо карда мешӯянд ва онро, маъмулан, чоркунҷа пора карда, ба деги обдор меандозанд ва меҷӯшонанд. Ҳамин ки каду нимпаз шуд, ба дег шир андохта, боз 8–10 дақиқа меҷӯшонанд. Сипас, оташро хомӯш карда, то каме хунук шуданаш 15–20 дақиқа нигоҳ медоранд. Хӯроки омодаро ба косаҳо мекашанд.

Нигаред

вироиш


Пайвандҳо

вироиш