Ширкати Алюминийи Тоҷик

(Тағйири масир аз Ширкати алюминийи тоҷик)

«Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) — заводи истеҳсоли алюминий, яке аз корхонаҳои ниҳоят қудратманди Тоҷикистон.

заводи арзии тоҷик, дар яке аз сехҳо
Заводи арзии тоҷик, дар яке аз сехҳо
«Ширкати Алюминийи Тоҷик»
Даромадгоҳи «Ширкати Алюминийи Тоҷик»

Заводи арзии тоҷик (ТАЛКО)

вироиш

Заводи арзии тоҷик, дар баробари НБО Норак бузургтарин корхонаи саноатии Комплекси минтақавии истеҳсолии Тоҷикистони ҷанубӣ мебошад.Заводи арзии тоҷик дар шаҳри Турсунзода ҷойгир аст.

Таърих

вироиш

Ба сохтмони заводи арзии тоҷик соли 1965 шурўъ карда буданд. Аввалин корпуси электролизии ин завод марти соли 1975 ба кор дароварда шуд. Охири соли 1977 дар завод яке аз калонтарин сехҳои истеҳсоли анодҳои пухта ба истифода дода шуд. Дар ин давр боз чор корпуси электролизии дигар ба кор даромад.

Маҳсулоти завод аз соли 1977 ба чунин мамлакатҳои ҷаҳон, ба монанди Англия, Чехословакия, Венгрия, Руминия, Олмон ва ғайра фиристода мешуд. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ номи "ГУП ТАЛКО" - "Корхонаи воҳиди давлатии Компанияи арзии Тоҷикистон"-ро гирифтааст.

Иқтидори ТАЛКО

вироиш

Иқтидори солонаи завод 517 ҳазор тонна арзиз муайян шуда буд. Завод бо технологияи навтарини ҷаҳони таҷҳизонида шудааст ва яке аз корхонаҳои бузургтарини истеҳсоли арзиз дар миқёси ҷаҳон ба шумор меравад. ТАЛКО (Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)» ) - заводи бузургтарини ҷамҳурӣ оид ба коркарди фулузоти ранга дар соҳаи саноати Тоҷикистон аст. Он дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ягона заводи бузурги фулузоти ранга мебошад.

Ҳаҷми молии маҳсулот

вироиш
 
Коргарони Ширкати Алюминийи Тоҷик дар яке аз сехҳо

Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба 90242 тонна баробар гардид, ки 2026,6 тонна назар ба 11 моҳи соли 2018 зиёд мебошад. Суръатафзоӣ 102,2 %-ро ташкил медиҳад. Ба таърихи 10 декабри соли 2019 нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металии Лондон ба 1766 доллари ИМА баробар аст.

Аз захираву имкониятҳо истифода намуда, корхонаҳои коркарди алюминий дар 11 моҳи соли 2019 дар маҷмӯъ 8900 тонна алюминийро коркард намуда, нисбати нишондоди 11 моҳи соли 2018 2260,0 тонна зиёд буда, суръати афзоишро 134,0 % таъмин карданд. Зимнан бояд таъкид намуд, ки ҳаҷми коркарди алюминий дар 11 моҳи соли равон чун солҳои гузашта асосан аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶДММ КМ «Тоҷпроф», ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶСП «Ноқили Турсунзода» ба амал омада истодааст. Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар ёздаҳ моҳи соли 2019 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди маводҳои таркандаи саноатӣ, профилҳои алюминӣ, қубурҳои металлӣ ва арматураҳои сохтмонӣ ба маблағи 1630,4 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Туркия, Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот намуданд.

Сабаби коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли алюминий саривақт таъмин нагардидани молу маводҳои истеҳсолӣ ва кам гардидани шумораи электролизёрҳо мебошад. Дар ширкат шумораи умуми электролизиёрҳо 984 адад буда аз он 267 адад фаъолияти истеҳсолӣ дорад.

Дар ширкати ТАЛКО айни замон 6163 нафар кормандон кору фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи онҳо 1417 сомониро ташкил медиҳад.[1]

ҶДММ «ТАЛКО-КРАНТАС»

вироиш

27 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)» ташриф оварда марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Ин корхона тавлиди мошинҳои боркашро дар назар дорад.Ин корхона тавлиди мошинҳои боркашро дар назар дорад. Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки имрӯз «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба қатори истеҳсолгарони азими ҷаҳонии алюминий шомил буда ва дар давоми солҳои тӯлонӣ нуфузи худро ҳамчун ширкати аз ҳама босуръат рушдкунандаи мамлакат, ки ба менеҷменти муосир ва низоми байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ таъйид менамояд, дар асл таҷассумгари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон шудааст. Таъкид гардид, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» имрӯзҳо истеҳсоли маҳсулотро тариқи техологияи муосир ба роҳ монда, ҳамкориҳоро бо ширкатҳои соҳибнуфузи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки тайи ду соли охир КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар заминаи сиёсати дурбинонаи Сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя бо бузургтарин корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла соли равон дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо яке аз корхонаҳои тавлидотии кишвари ҳамсоя шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар асоси он солона 10 ҳазор тонна метали алюминий ба корхонаҳои истеҳсолии кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад.[2].

ҶДММ «ТАЛКО-КЕМИКАЛ»

вироиш

ҶДММ «Талко Кемикал» бо дарназардошти масъалаҳои қабули давлатии иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи корхонаҳои «криолит ва алюминийи фтордор» ва ҳамоҳангсозии дигар корҳои ташкиливу омодагӣ ба истеҳсолот ва захира намудани ашёи хом дар семоҳаи аввали соли равон фаъолият накарда, аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор, криолит ва коагулянт шурӯъ намуд.

Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар 11 моҳи соли равон ба монанди фториди алюминийи 3761,2 тонна, криолит 632,8 тонна ва коагулянт 173,1 тонна истеҳсол гардидааст. ҶДММ «Талко Кемикал» дар ҳамин давраи соли равон ба миқдори 2496,8 тонна фториди алюминий ба маблағи 34,3 млн сомонӣ ба Федератсияи Россия содирот намудааст. Инчунин ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 417,1 тонна криолит ба маблағи 2961,5 ҳазор сомонӣ ва 1107,9 тонна фториди алюминий ба маблағи 13209,4 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 16171,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.[3].

Пайвандҳо

вироиш