Алюминий
Алюминий (Aluminium, аз Alumen – замч ё зок) — А1, элементи химиявии гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев.
13 | Алюминий
|
26,982 | |
3s23p1 |
Рақами тартибиаш 13, массаи атомӣ 26, 9815. Дар табиат асосан дар шакли як изотопи собити 27А1 вомехӯрад. Чанд изотопи радиоактив дорад, ки ба таври сунъӣ ҳосил карда шудаанд. Дарозумртарин изотопаш 26А1 мебошад (давраи нимкоҳишаш 7,4•105 сол). Алюминий металли сафеди нуқрагун буда, ҷараёни барқро хуб мегузаронад; ҳарор. гудозишаш 60,4°С, ҳарор. ҷӯшишаш 2500°С, зичиаш 2700 кг/м3 (дар 20°С). Алюминийи холисро бори аввал соли 1825 олими даниягӣ Г. Эрстед ҳосил намудааст. Дар табиат дар шакли холис вуҷуд надорад. Алюминий дар шакли пайваст 8,8 фоизи массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Пайвастҳои муҳими табиии Алюминий (алюмосиликатҳо) каолин, албит, анортит, ортоклаз, биотит, мусковит, корунд (оксиди алюминий) ва бокситҳо мебошанд. Калонтарин конҳои Алюминий дар Венгрия, Франсия, Италия, ШМА ва давлатҳои узви ИДМ мавҷуданд. Дар Тоҷикистон захираҳои Алюминий дар шакли бокситҳо дар Ромит, Қаратоғ, дар шакли сиёнит дар кӯҳистони Рашт дида мешаванд. Сиёнитҳои нефелинии дараи Ясмандро метавон ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли Алюминий истифода бурд. Дар саноат, аз ҷумла дар корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» (TAЛKO) Алюминийро аз электролизи оксиди алюминий (Аl2Оз), ки номи техникиаш «гилхок» аст, дар гудохтаи криолит (Na3А1Fб) таҳти қарор. 950°С ҳосил менамоянд. Алюминий металли хеле фаъол мебошад. Аз ин сабаб ба воситаи оксигени ҳаво оксид ва бо пардаи муҳофизи оксиди алюминий пӯшида мешавад. Пардаи оксидӣ Алюминийро аз занг задан ва таъсири моддаҳои гуногун, масалан, буғи об ва оксиди карбони атмосфера ҳифз мекунад. Дар пайвастҳояш Алюминий асосан севалента мебошад. Агар пардаи оксидӣ нест гардад, Алюминий обро бо ихроҷи гидроген таҷзия менамояд. Пайвастҳои гидрогении Алюминий – гидридҳо фаъол буда, дар синтези химиявӣ истифода мешаванд. Алюминий ҳамчун элементи амфотер (дубаҳра) бо кислотаҳо ва ишқорҳо ба реаксия медарояд. Алюминий дар кислотаҳои сероб (масалан, кислотаи гидрогенхлорид) хуб ҳал мешавад. Пардаи муҳофизи оксидӣ намегузорад, ки Алюминий дар кислотаҳои оксигендор, масалан, кислотаи нитрат ҳал гардад. Алюминий дар ишқорҳо ҳал шуда, алюминатҳоро ба вуҷуд меоварад. Дар раванди алюминотермия Алюминий як силсила металлҳо ва ғайриметаллҳоро аз таркиби оксидҳояшон бо тавлиди гармии зиёд (то 3500°С) хориҷ месозад. Пайвастҳои Алюминий дар саноат ва кишоварзӣ васеъ истифода мешаванд. Миқдори зиёди Алюминий барои истеҳсоли хӯлаҳо истифода мегардад. Дуралюмин (94% А1, 4% Си, 0,5% Mg, 05% Мn, 0,5% Fe, 0,5% Si) ва силумин (85 – 90% А1, 10 – 14% I, 0,1% Na) хӯлаҳои муҳимтарини Алюминий мебошанд. Алюминий ва хулаҳои онро барои истеҳсоли самолёт, ракета, киштӣ, дастгоҳҳои истеҳсолоти химия, сими барқ, конденсаторҳо, радио ва телевизион, асбобҳои рӯзгор, дару тиреза ва ғайра ба кор мебаранд. Варақаҳои нафиси Алюминий дар саноати хӯрокворӣ ва доруворӣ ҳамчун борҷома истифода мегардад. Хокаи оксиди алюминий («алюмогел») намкаш буда, барои беоб сохтани газҳо ва соф кардани маҳлули қанд истифода мешавад. Сулфати Алюминийро барои тоза кардани об кор мефармоянд. Замчҳои Алюминий дар даббоғии чарм ва ранг кардани матоъҳо ба кор мераванд. Ба воситаи фосфиди Алюминий (AlP) дар анборҳои хӯрокворӣ мушу калламушҳоро нест мекунанд. Карбиди Алюминий (Al4C3) обро бо тавлиди гази метан таҷзия менамояд. Аз иловаи миқдори муайяни Алюминий пӯлод дар муқобили ҳарорати баланд устувор мегардад. Алюминий дар таркиби алюмосиликатҳо аз ҷумлаи унсурҳои тавлидкунандаи хок мебошад. Алюминий дар бофта ва маҳлули байни ҳуҷайраҳои рустанӣ ва ҳайвонот низ мавҷуд аст. Дар хок ва ҷисми инсон бо ионҳои фосфат пайвастҳое ҳосил мекунад, ки чандон ҳал намешаванд, масалан, вариазит А1(ОН)2Н2РО4, ки раванди азхудкунии фосфорро халалдор месозад. Одам бо хӯрок рӯзе 40 мг Алюминийро истеъмол менамояд. Дар Институти химияи АИ ҶТ оид ба тавлиди Алюминийи холис ва хӯлаҳои он тадқиқот мебаранд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
- ↑ Whitten KW, Davis RE, Peck LM & Stanley GG 2014, Chemistry, 10th ed., Thomson Brooks/Cole, Belmont, California, ISBN 1-133-61066-8, p. 1045
- ↑ Cox PA 2004, Inorganic chemistry, 2nd ed., Instant notes series, Bios Scientific, London, ISBN 1-85996-289-0, p. 186
- ↑ (1996) «Aluminum(I) and Gallium(I) Compounds: Syntheses, Structures, and Reactions». Angewandte Chemie International Edition 35 (2): 129–149. doi:10.1002/anie.199601291.
- ↑ D. C. Tyte (1964). «Red (B2Π–A2σ) Band System of Aluminium Monoxide». Nature 202 (4930). doi:10.1038/202383a0. Bibcode: 1964Natur.202..383T.
- ↑ Lide, D. R. (2000). "Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds" (PDF). CRC Handbook of Chemistry and Physics (81st ed.). CRC Press. ISBN 0849304814.
Адабиёт
вироиш- Популярная библиотека химических элементов, М., 1983; Шретер В., Химия, М., 1989; Идрисов Т., Кимиёи аносир (элементҳо), Д., 2004.
Сарчашма
вироиш- Алюминий // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "lower-alpha", but no corresponding <references group="lower-alpha"/>
tag was found