Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой

ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» — корхонаи муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар шаҳраки Зарнисор, шаҳри Гулистон, Вилояти Суғд воқеъ аст.

Маълумот вироиш

Корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдан «Анзоб»
Номи корхона ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой»
Маҳсулоти истеҳсолшаванда хоқаи сурб, руҳ ва мис
Иқтидори лоиҳавии коркарди маъдан дар як сол 3,0 млн. тн
Манбаъи ашёи хом конҳои «Зарнисор», «Пай-Булоқ» ва «Зарнисори шимолӣ»
Суроға Вилояти Суғд, ш. Гулистон, шаҳраки Зарнисор

Таърих вироиш

Моҳи июни соли 2007 дар заминаи «Идораи маъдани Олтин-Топкан» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» таъсис ёфта, расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Ширкати нави таъсисдодашуда корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминиро дар моҳи августи соли 2007 оғоз намуда, 18-декабри соли 2007 ба сохтмони фабрикаи бойгардонӣ бо ворид намудани дастгоҳҳо, техника ва мутахассисон оғоз намуд.

Корхона корҳоро дар барқарорсозии конҳо, сохтмони фабрикаи бойгардонӣ, партовгоҳ, обанбор, коргоҳҳои ёрирасон, биноҳои маъмурӣ маишӣ ва ғайра ҷоннок намуд.

Айни замон фабрикаи бойгардонӣ бо иқтидори коркарди 3,0 млн. тн маъдан дар як сол сохта шуда, фаъолият намуда истодааст.

Дар баробари истеҳсоли хокаи сурбу руҳ, аз тарафи корхона дар соли 2013 истеҳсоли хокаи мис ва шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2017 истеҳсоли сурби металлӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади рушд ва эътирофи манфиатҳои судманди ҷонибҳо, дар моҳи сентябри соли 2014 ҳангоми ташрифи расмии Роҳбари аввали Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Цзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ширкати байналмилалӣ Тачен оид ба захираҳои СУАР»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой», ба имзо расонида шуд.[1]

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш