Ҷамъияти саҳҳомӣ

(Тағйири масир аз Ширкати саҳҳомӣ)

Ҷамъияти саҳҳомӣҷамъияте дониста мешавад, ки фонди оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомӣ барои ӯхдадориҳои ҷамъият масъул набуда, таваккали зарари марбут ба фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ба зимма мегиранд (б. 1 м. 106 КГ). Саҳмдороне, ки арзиши саҳмияро пурра напардохтаанд, барои уҳдадориҳои ҷамъияти саҳҳомӣ дар доираи қисми пардохтанашудаи саҳмияҳои ба оиҳо тааллуқдошта масъулияти муигтарак дораид. Ҷамъияти саҳҳомиро як ё якчанд муассис барпо карда метавонанд.

Ҷамъияти саҳҳомӣ ба ҷамъияти кушод ва пӯшида ҷудо мешавад. Ҷамъияти саҳҳомие, ки иштирокчиёнаш саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдоштаро бидуни ризоияти саҳмдорони дигар бегона карда метавонанд, ҷамъияти саҳҳомии кушод эътироф мегардад. Чунин ҷамъияти саҳҳомй ҳуқуқ дорад, мутобиқи шартҳои муқарраргардидаи қонун ва асноди дигари ҳуқуқӣ обуна ва фурӯши озоди саҳмияҳояшро ба роҳ монад ( м.107 КГ). Ҷамъияги саҳҳомии кушода ҳар сол ҳисоботи солона, тавозуни муҳосибавӣ ва миқдори зиёнро барои маълумоти умум нашр мекунад.

Ҷамъияти саҳҳомие, ки саҳмияҳои он танҳо байни муассисон ё доираи шахсони дигари пешакӣ муайяншуда тақсим мегардад, ҷамъияти саҳҳомии пӯшида дониста мешавад. Чунин ҷамъият барои сурат додани обунаи озоди сахмияҳояш ё бо тарзи дигар онҳоро ба доираи номаҳдуди шахсон барои харид пешниҳод кардан ҳуқуқ надорад (б. 1 м. 108 КГ). Саҳмдорони ҷамъияти саҳҳомии пӯшида ҳангоми х а р и д а н и саҳмияҳои аз ҷониби саҳмдорони дигари ин ҷамъи ят фурӯхташаванда ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Шумораи саҳмдорони ҷамъияти пӯшида набояд аз 50 нафар зиёд бошад, дар ахси ҳол он бояд дар давоми як сол 6а ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил дода шавад. Агар пас аз гузаштани ин муҳлат шумораи онҳо то ҳадди муқаррарнамуд аи қонун кам карда нашавад, он бояд аз тарафи суд б арҳам дода шавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 551-552