Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶДММ) — яке аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ буда, аз ҷониби як ё якчанд шахс таъсис дода мешавад ва сармояи оинномавии он бо ҳиссаҳои баробар ба андозаи муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд барои уҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут ба фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон ба зимма мегиранд. Ширкаткунандагон пурра саҳмия гузоштаи ҷамъият барои уҳдадориҳои он дар доираи арзиши қисми пардохтанашудаи саҳми ҳар иштирокчӣ масъулияти муштарак доранд (моддаи 94 Кодекси маданӣ). Шумораи иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд набояд аз сӣ нафар зиёд бошад. Дар акси ҳол, агар шумораи иштирокчиёни он то ҳадди муқаррар гардида кам карда нашавад, он бояд дар давоми сол ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил дода баъди гузаштани ин муҳлат бо тартиби судӣ бояд барҳам дода шавад (қ. 1{{subst:СМ нест}}моддаи 95 Кодекси гражданӣ).[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 551
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |