Шифобахш
Шифобахш (пештара Калшодӣ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 341 нафар (2010), тоҷикон. Аз 41 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа магозаи хусусӣ, дӯконҳои хусусии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 12 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳои корам асосан лалмӣ буда, ба баъзеи онҳо аз чашмаҳо ба воситаи лӯлаҳо об оварда шудааст.[1]
Деҳаи Шифобахш | |
---|---|
| |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Меҳробод |
Аҳолӣ | 341 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 41 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.