Шифоии Исфаҳонӣ
Шарафуддин Ҳасани Исфаҳонӣ (форсӣ: شرف الدین حسن اصفهانی), мутахаллис ба Шифоӣ (форсӣ: شفایی; 1559, Исфаҳон — 1628, Исфаҳон) — шоир ва пизишки форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1559 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1628 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишАз оилаи табиб. Пас аз касби камол ҳакимбошии дарбори Тахмосби I (ҳукмр. 1587—1629) буд. Аз хурдсолӣ ба шеъргуӣ шуруъ кард. Девони ашъори Ҳаким Шифоӣ аз қасоид, ғазалиёт, таркиббанду тарҷеъбандҳо, рубоиёт, қитаъот, фарқиёт ва ҳазлиёт таркиб ёфтааст. Ба қавли тазкиранависон Ҳаким Шифоӣ дар ҷавоби Низомии Ганҷавӣ «Хамса» доштааст, вале имрӯз аз он танҳо се достон — «Дидаи бедор» (дар ҷавоби «Махзану-л-асрор»), «Намакдони ҳақиқат» (дар ҷавоби «Ҳадиқату-л-ҳақиқат»-и Саноӣ) ва «Меҳру муҳаббат» (дар мавзӯи «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ) дастрас аст. Ба қалами Ҳаким Шифоӣ қасидаи «Маҷмаъу-л-баҳрайн» (дар татаббуи «Туҳфату-л-Ироқайн»-и Хоқонӣ) ва «Шаҳрошуб» муталлиқанд.
Ҳаким Шифоӣ дар илми тиб китоҳо бо номи «Қарободину-ш-Шифоӣ» таълиф намудааст. «Бист боб» ном асари тиббӣ низ ба ӯ нисбат дода мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Шифоӣ / С. Асадуллоев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).