Шодихон Ҷамшед
Шодихон Ҷамшед – пизишк, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV, V, ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Шодихон Ҷамшед | |
Таърихи таваллуд: | 22 март 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Шуғнон , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик М. Назаршоев |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишШодихон Ҷамшед 22 марти соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, духтури табобатӣ ва иқтисодчӣ мебошад. Соли 1985 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури табобатӣ ва соли 2015 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик М. Назаршоевро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Солҳои 1985-1988 ба ҳайси духтури ҷарроҳ дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолият намуда, солҳои 1988-1992 ҳамчун ҷарроҳи асаби Беморхонаи клиникавии ҷумҳуриявии №3 дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.
Солҳои 1993-1995 ҳамчун ҷарроҳи асаби беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ кор ва фаъолият намуда, аз соли 1995 то 2002 дар вазифаи мудири шуъбаи осебшиносӣ, раддодӣ ва ҷарроҳи асаби Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолияти кориашро давом додааст.
Аз соли 2002 то соли 2008 ҳамчун сардухтури Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолият намуда ва солҳои 2008-2009 сардори Раёсати тандурустии ВМКБ кор кардааст. Аз соли 2009 то соли 2013 дар вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон адои вазифа намудааст.
Аз соли 2013 то моҳи октябри соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси ВМКБ кор ва фаъолият намудааст.
Аъзои ҲХДТ, аъзои Кумитаи иҷроияи Дастгоҳи марказии ҲХДТ мебошад.
4 маротиба вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ (даъвати II, III, IV, V) интихоб гардидааст.
Аз соли 2013 дар ду даъват (IV ва V) узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Аз 23 ноябри соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Ҷоизаҳо
вироишБа унвони Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Роҳбарияти вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). www.moh.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 апрели 2020.