Шоди Ирмухамедов (Ирмухамедов Шоди Сванович; 10 декабри 1942, ноҳияи Файзобод) — омӯзгори тоҷик. Муаллими мардумии ИҶШС.

Шоди Ирмухамедов
Таърихи таваллуд 10 декабр 1942(1942-12-10) ё 1942
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 27 июн 2013(2013-06-27)
Маҳалли даргузашт
Ҷоизаҳо
медали «Ветерани меҳнат»
People's Teacher of the USSR

Зиндагинома

вироиш

Ирмухамедов Шоди Сванович 10 декабри соли 1942 дар ноҳияи Файзобод, дар оилаи коргарон чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. У дар оилаи серфарзанд, фарзанди чаҳорум буда аз кудакияш дар колхоз фаъолити меҳнати каардаст. Миллаташ тоҷик. Ирмухамедов Шоди фаъолияти кории худро соли 1962 ба ҳайси омузгор дар беъморхонаи инфексиони ноҳияи Ҳисор шурӯъ кардааст. Соли 1963 ба Донишгоҳи Давлатии Омузгор ба номи Шевченко шаҳри Душанбе дохил гардида, онро соли 1967 бо муваффақият хатм кард.

Солҳои 1967—1976 дар мактаби миёна, омузгори фани таърих шуда фаъолият кардааст. Солҳои 1976—1986 Ирмухамедов Шоди ба ҳайси директори мактаби миёнаи № 89 ноҳияи Ҳисор кор кардааст. Аз соли 1989 то 1991 ӯ депутати мачлиси ноҳияи Ҳисор ва аъзои Кумитаи Назорати оид ба нархҳо буда софдилона вазифашро иҷро намуд. Соли 1986 ӯ ба мактаби миёнаи № 2 ба номи С.Айни ба вазифаи директор таъйин гардид. Роҳбарӣ мактаб шуда дар давоми бист сол Шоди Сванович маҳорати педагогӣ худро нишон дод, қобилияти пешгӯӣ кардан, тараққиёти мактаби худ бо пешрафти комёбиҳои илм ва техника. Озодона масъалаи ҳалталаберо, ки дар мактаб вучуд дошт, ба рохбарият баён менамуд. Бо вуҷуд овардани ҳаваскорӣ бадеӣ, муҳити дӯстонаи эҷодиёт ва дилхушӣ, усулҳои нави тарики педагогӣ дохил карда шуд. Худаш одами омода, мақсаддор, ӯҳдабаро буда аз муаллимони худ аниқ иҷро кардани вазифаҳои худро талаб менамуд.

Ин меҳнати шиддатнок тамоми умрашон давом мекард, бе танафуз, чихели хамкоронаш ёд мекардан ӯ мондашавӣ худро нишон намедод ва корашро идома медод. Ӯ шоёни пайравист ба насли ҷавон.

27 июни соли 2013 дар хонаи худ, дар Ҳисор аз дунё чашм мепӯшад.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Алочии маорифи халқи
  • Муаллими халқи ИҶШС
  • Медали собиқадори меҳнат

Пайвандҳо

вироиш
  • Cовети халқӣ депутатҳои ноҳияи Ҳисор Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон [1] Бойгонӣ шудааст 5 май 2012  сол.