Шоираи Раҳимҷон (тав. 31 марти 1977, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — шоир ва таронанависи саршиноси тоҷик.

Шоираи Раҳимҷон
Шоира Раҳимҷонова
Таърихи таваллуд: 31 март 1977(1977-03-31) (47 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир, таронанавис

Зиндагинома

вироиш

Шоираи Раҳимҷон 31 марти соли 1977 зодаи ноҳияи Орҷоникидзеобод, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Шоираи кӯчак ҳануз аз айёми 10-солагӣ шеър мегуфт. Шоира хатмкардаи ДДМТ, факултаи филологияи тоҷик мебошад. Вай солиёни зиёд дар Радиёи Тоҷикистон ҳамчун муҳаррир фаъолият кардааст.

Эҷодиёт

вироиш

Аввалин намунаи ашъори шоира соли 2003 бо номи «Нахустин номаҳои дард» интишор шуда, китоби дуввуми вай соли 2013 бо номи «Вопасин номаҳои дард» дастраси ихлосмандони шеър гардидааст. Шоира соли 2012 дар машварати адибони ҷавон ҳамчун шоири суруднавис узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардид. Шоира бо овозхонҳои машҳури кишвар ҳамкорӣ дорад ва барояшон шеър ва оҳанг эҷод мекунад. Ҳоло Шоираи Раҳимҷон муаллимаи калони фанни балоғати суханварии Донишгоҳи такмили ихтисос барои мактабҳои олӣ мебошад.

Пайвандҳо

вироиш