Шокир Мухторов (тав. 20.11.1946, деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз – ваф. 15.02.2004, шаҳри Душанбе), забоншинос ва адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1990), профессор.

Шокир Мухторов
Шокир Мухторов
Таърихи таваллуд 20 ноябр 1946(1946-11-20)
Зодгоҳ деҳаи Сарчашмаи Шаҳрисабз, ноҳияи Шаҳрисабз, ИҶШС
Таърихи даргузашт 15 феврал 2004(2004-02-15) (57 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Роҳбари илмӣ Расул Ходизода
Шогирдон Ширин Амонзода

Зиндагинома

вироиш

Соли 1969 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1969–1970 лаборанти кафедраи забони франсавии донишкадаи мазкур буд. Солҳои 1970–1971 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Пас аз бозгашт аз хидмат фаъолияти муаллимиро дар кафедраи забони франсавии донишкадаи омӯзгорӣ идома додааст. Солҳои 1976–1977 дар сектори адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аспирантура таҳсил намудааст. Соли 1980 дар мавзӯъи «Таърихи омӯзиш ва тарҷумаҳои «Гулистон»-и Саъдӣ дар Фаронса» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, сазовори унвони илмии номзади илмҳои филологӣ гаштааст. Солҳои 1985–1987 докторанти Институти адабиёти ҷаҳонии шаҳри Москва ба номи А. Григории АИ ИҶШС, 1987–2003 мудири кафедраи забони франсавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Ҳамзамон солҳои 1995–1997 ҳамчун декани факултети забонҳои хориҷӣ, 1997–2000 декани факултети филологияи романию германии донишгоҳи омӯзгорӣ кор кардааст. Дар масъалаи робитаҳои адабии Шарқу Ғарб тадқиқотҳои илмӣ бурда, муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Барои хидматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1975) ва ордени «Нахли Фарангистон» (2003) сарфароз карда шудааст.

Ситораҳои Бурҷи Эйфель, Д., 1982; Адабиёти тоҷик дар Франция, Д., 1985; Савтҳои Ховар, Д., 1986; Франция читает «Гулистан», Д., 1987; Замон ва тарҷумон, 1989; Фирдавсӣ дар шеъри Дуне, Д., 1991; Хафиз. Избранное (бо забони русӣ ва тоҷикӣ), Д., 1993; История развития французской научной иранистики, Д., 1996; Рудакӣ бояд, ки ояд бори дигар бар ҷаҳон, Панҷакент, 1996; Адабиёти замони Сомониён дар Фаронса, Д., 1999; Фирдоуси во Франции, Д., 1999; Шӯҳрати Румӣ дар Фаронса, Д., 2000; Муҳовараи франсавӣ-тоҷикӣ, Д., 2002; Фарҳанги франсавӣ ба тоҷикӣ, Д., 2003; Баёзи назми классикии форс-тоҷик дар Фаронса, Д., 2003; Нури Ҳофиз, Д., 2004.

Пайвандҳо

вироиш