Шомуқим Саидиброимов

омӯзгори фанни фалсафа, диншиносӣ, номзади илмҳои фалсафа (2019)

Шомуқим Саидисмоилович Саидиброимов (тав. 09.08.1982., ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), омӯзгори фанни фалсафа, диншиносӣ, номзади илмҳои фалсафа (2019).

Шомуқим Саидиброимов
Шомуқим Саидисмоилович Саидиброимов
Таърихи таваллуд 9 август 1982(1982-08-09) (42 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Роштқалъа, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ философия
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Зиндагинома

вироиш

Шомуқим Саидиброимов хатмкардаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе (2007), курси забономӯзӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (2012-2015), унвонҷӯи шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (2015-2018), ҳуқуқшинос дар ташкилоти ғайридавлатии «Лоҷвар» (2008- 2017), омӯзгори кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (аз соли 2018). Дар мавзуи «Проблема соотношения философии и религии в учении Насира Хусрава» (2019) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Дотсенти кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2021).

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ