Шосафар Акобиров
Шосафар Зулфиёрович Акобиров (тав. 3. 05. 1968, деҳаи Камчаки ноҳияи Дарвоз) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (2007).
Абдураҳим Акбаров | |
Таърихи таваллуд | 3 май 1968 (56 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1989–1995 дар факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраевтаҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1986–1988 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1996–1999 аспирант ва муаллими кафедраи географияи умумии донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Аз соли 1999 то имрӯз ҳамчун ассистент, муаллими калон ва мудири кафедраи географияи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Солҳои 2000–2005 вазифаи муовини декани факултети география оид ба тарбияро ба уҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 28 мақолаи илмӣ, брошюраҳо ва китобҳои дарсӣ мебошад. Дар тадқиқотҳои худ масъалаҳои ташкили ҳудудии истеҳсолоти кишоварзӣ ва самҳои рушди онро дар Тоҷикистон баррасӣ кардааст.
Осор
вироиш- Природные ресурсы верхного течения реки Амударьи: вопросы охрана и рационального использования, Д., 2002.
- Территориальная организация сельскохозяйственного производства (на материалах Республики Таджикистан), Д., 2007;