Шоҳиддин Авлоев
Шоҳиддин Ҳайдарович Авлоев (тав. 14. 12. 1978, ноҳияи Китоби ҶШС Ӯзбекистон), – кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои химия (2007), дотсент (2010).
Шоҳиддин Авлоев | |
Таърихи таваллуд | 14 декабр 1978 (45 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Китоб, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | Кимиё |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1996–2000 дар факултети химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил кардааст. Солҳои 2000–2002 муаллими фанни химияи гимназияи ба номи Н. Ганҷавии Душанбе, 2002–2004 магистри кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, 2005–2007 аспиранти кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2007 то ба имрӯз ҳамчун муаллими калон, дотсенти кафедраи номбурда кор карда истодааст. Ҳамзамон муовини декани факултети химия оид ба корҳои илмӣ мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишОид ба мувозинатҳои фазагӣ ва ҳалшавандагӣ дар системаи аз сулфатҳо, карбонатҳо ва фторидҳои натрий ва калий иборат буда, инчунин мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёркомпонентаи обӣ-намакӣ тадқиқоти илмӣ мебарад. Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқотҳояш дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ (Конференсияи байналхалқии Ломоносов 2009, 2010, ш. Москва) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ ва 8 барномаи таълимӣ мебошад. Соли 2009 бо ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Осор
вироиш- Фазовые равновесия в системы Na, K//CO3, F-H2O при 250C // Доклады АН РТ, 2005, Т. 38, №2;
- Фазовые равновесия в системе Na//SO4, CO3, F-H2O при 0 и 25 0C // Вестник ТГНУ, 2006, №5 (31);
- Фазовые равновесия в системе Na, K//SO4, CO3, F–H2O при 25 0C // Журнал неорганической химии РАН, 2007, Т.52, №10;
- Фазовые равновесия в системе Na, K//SO4, CO3, HCO3, F-H2O при 250C, на уровне четырёхкомпонентного состава // Вестник ТГПУ (серия естественных наук), 2008, №1 (29);
- Фазовые равновесия в системе Na, K//SO4, CO3, HCO3, F–H2O при 0 0C на уровне четырёхкомпонентного состава // Вестник ТГПУ (серия естественных наук), 2008, №3 (31);
- Фазовые равновесия в системе Na, K//SO4, CO3, F– H2O при 0 0C. // Журнал неорганической химии РАН, 2009, Т.54, №6;
- Ҳалшавандагӣ дар системаи Na2SO4-К2CO3-H2O дар ҳарорати 500C // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, 2009, №2; Ҳалшавандагии намакҳои магний дар об вобаста ба ҳарорат // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, 2009, №2.