Шоҳиди Истаравшанӣ

Юнусхоҷа Шоҳиди Истаравшанӣ (1803, Истаравшан — 1884, ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷик.

Шоҳиди Истаравшанӣ

Зиндагинома

вироиш

Маълумоти ибтидоиро дар пеши волидайнаш гирифта, баъд таҳсилро дар мадрасаи Кукалтоши Бухоро давом дод. Аа хурдӣ ба шеъргуӣ сар кард. Ӯ девони комили ғазалиёт дорад. Ба «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ ҷавоб гуфта будааст. Зиёда аз 100 ғазал ва чанд мухаммасу мусаддасҳои Шоҳиди Истаравшанӣ аз дафтару баёзҳои қаламии асри 18 гирд оварда шудааст. Ғазалҳояш асосан ошиқона буда, гоҳо афкори ахлоқиро ҳам дар бар гирифтаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Шоҳиди Истаравшанӣ / С. Султонов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).