Шоҳид, Муҳаммадшоҳи Самарқандӣ

Шоҳид Муҳаммадшоҳи Самарқандӣ (қарни XVII, Самарқанд) — шоири форс-тоҷик.

Шоҳид, Муҳаммадшоҳи Самарқандӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Шоҳид аз ҷавонӣ бо Малеҳои Самарқандӣ шинос шудааст. Ӯ марди хуштабъу зариф ва хушсуҳбат буда, дар ҳаҷву мутоиба истеъдоди баланд доштааст. «Дар бадеҳаву ҳаҷву ҳиҷо, — навиштааст Малеҳои Самарқандӣ, — ба навъе хотираш роғибу моил аст ки ҳама кас ба у қоил аст…». Шоҳид гоҳо ба тақозои эҳтиёҷоти зиндагӣ ба мадҳи аҳли давлат низ рӯ овардааст.

Дар «Музаккиру-л-асҳоб» аз осори ӯ фақат ин байти матлаъ зикр шудааст.

Аз дидаам сиришк наранҷида рафтааст,
Бе оразат гиристан аз дида рафтааст.

Адабиёт

вироиш
  • Шоҳид / С. Саъдиев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
  • Суханварони сайқали рӯйи замин. Д.,1973