Шоҳин Саидзода (Саидзода Шоҳин Нуриддин; зод. 27 марти 1984, Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон) — ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2019)[1], дотсент.

Шоҳин Саидзода
Саидзода Шоҳин Нуриддин
Таърихи таваллуд 27 март 1984(1984-03-27) (40 сол)
Зодгоҳ Бохтар (шаҳр), вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Ҷоизаҳо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2015)

Зиндагинома

вироиш

Шоҳин Саидзода 27 марти соли 1984 дар шаҳри Қурғонтеппа ба дунё омадааст[2]. Солҳои 2006—2009 аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Корнома

вироиш
  • 2009—2012 — асистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 2012—2013 — муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 2013—2016 — докторанти Донишгоҳи забонҳои шаҳри Москва;
  • 2016—2017 — сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 2017—2020 — муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф;
  • 2020—2022 — директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон[3].

Ҷоизаҳо

вироиш

Барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, соли 2015.