Шоҳмузаффар Ёдгорӣ

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ (1 январи 1940 — 23 августи 2009) — шоир, носир ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик.

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ
Таърихи таваллуд: 1 январ 1940(1940-01-01)
Зодгоҳ: Ховалинг, Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 23 август 2009(2009-08-23) (69 сол)
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ зодаи деҳаи Баландтари ноҳияи Ховалинг буда, муаллифи чандин маҷмӯаҳои назмӣ ва насрӣ мебошад.

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни гузашта ба майдони адабиёт ворид гардид. Ӯ аз зумраи қаламкашонест, ки дар адабиёти навини тоҷик мавқеи босазо дорад. Ин сарояндаи ишқу ормонҳои миллат дар қатори чанд тан аз ҳамсолонаш бо ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ва нафаси гарму тоза ба адабиёт омад ва бо ашъори диловези худ дар қатори беҳтарин адибони овозадори солҳои шастум дар муҳити адабӣ ва байни хонандагон маҳбубият пайдо кард. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ 1 январи соли 1940 дар деҳаи Бузкушаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омад. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ соли 1962 факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расонд. Чун ба адабиёт ва рӯзноманигорӣ шавқ дошту шеъру мақолаҳояш пайваста дар матбуот чоп мешуданд, ӯро барои кор ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҳоло «Ҷумҳурият» даъват карданд. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар ин даргоҳ солҳои зиёд ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъба фаъолият намуд. Пасон дар вазифаҳои корманди масъули Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи собиқ вилояти Кӯлоб «Роҳи ленинӣ», котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар минтақаи Кӯлоб, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мудири шуъбаи назми нашрияи адабии «Садои Шарқ» кор карда, дар рушду инкишофи адабиёт, мабуот ва фарҳангу маънавияти тоҷик саҳми арзанда гузошт. Соли 1974 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуда, солҳои зиёд узви Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Кумитаи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ буд.

Шеъри Шоҳмузаффар Ёдгорӣ содаву заминӣ буда, бо таъбиру ибораҳои халқӣ ороиш ёфта, аз ғояҳои худшиносӣ, ифтихори ватандориву миллӣ саршор мебошад. Китобҳои ӯ «Як шоха гул», «Соҳили бахт», «Даргоҳи деҳқон», «Симои халқ», «Фарзандон», «Ҳар тори мӯ вафоям», «Вохӯрии гуворо», «Ишқи мо пирӣ надорад», «Ҳеч кас монанди ман дилдода нест», «Маро бо чашми дил бинед» гувоҳи гуфтаҳои болоянд.

Шеърҳояш ба забонҳои русӣ, украинӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, литвонӣ ва қирғизӣ тарҷума шудаанд. Китоби алоҳидааш ба забони русӣ бо номи «Порог дехканина» («Даргоҳи деҳқон») дар Москва дар интишороти бонуфузи «Советский писатель» ба табъ расидааст.

Дар навбати худ Шоҳмузаффар Ёдгорӣ намунаҳои ашъори Қ. Қулиев, М. Ҷалил, Я. Смеляков, О. Туманян, А. Исаакян, Э. Охунова ва Я. Коласро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст. Китоби очеркҳояш бо номи «Сарбандакҳои сурх алвонҷ мехӯранд» рӯи чопро дидааст.

Дар замони истиқлоли кишвар Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бештар ба наср рӯ овард ва аз рӯзгори ҳамзамонони мо, ҳусну қубҳи инсон дар ҳолатҳои мудҳиш бо номҳои «Васваса» ва «Талош» романҳои ҷолибе эҷод кард, ки дар маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» нашр гаштанд.

Интишороти «Адиб» соли 2010 романи «Васваса» ва нашриёти «Русская литература» соли 2013 романи «Талош»-ро дар шакли китоби алоҳида пешкаши хонандагон намуданд. Адиб барои романи «Васваса» барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гаштааст. Барои заматҳои пурсамари эҷодӣ, хидмати софдилона дар матбуоту адабиёт Ш. Ёдгорӣ бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва нишону ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.

Даргузашт вироиш

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз бемории сактаи дил дар синни 69-солагӣ вафот кард. Маросими ҷанозаи ӯ дар мавзеи Сариосиёи шаҳри Душанбе доир гардид.[1]

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш