Шоҳрух Ғаффоров
Шоҳрух Ғаффоров — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1979), дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 31 январ 1976 (48 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб |
Зиндагинома
вироишШоҳрух Ғаффоров факултети филологияи тоҷикро бо дипломи аъло хатм кардааст (2005). Мудири кабинети “Махзани адаб”и факултети филологияи тоҷик (20032005). Аспиранти шуъбаи ғоибонаи ДМТ (20052009), муовини декани факултети филологияи тоҷик (2005- 2007). Аз соли 2005 ба сифати ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст. Аз соли 2009 то сентябри 2011 ба ҳайси ёвар ва мушовири муовини аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Аз соли 2011 то ҳол дар вазифаи мудири шуъбаи тайёрии ДМТ кор карда истодааст. Рисолаи номзадияшро таҳти унвони “Азрақии Ҳиравӣ ва хусусиятҳои бадеӣ эстетикии қасоиди ӯ” соли 2012 ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад.
Осори илмӣ
вироишЗабони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои таърих ва фалсафа). – Душанбе: «Баҳманруд», 2010 (ҳаммуаллиф); Як нусхаи дастнависи девони Азрақӣ. – Душанбе, 2010.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Кафедраи забони тоҷикӣ, Шоҳрух Ғаффоров(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 28 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.