Шӯнавоӣ, сомеъа — яке аз ҳавоси хамсаро гуянд, ки тавассути он одам ва ҳайвон садоро дарк мекунад. Вобаста ба дараҷаи инкишоф, ҷои зиндагӣ ва ғайра сомеаи ҳайвонот гуногун мешавад. Сомеа бори аввал дар ҳашарот ба вуҷуд омадааст. Ҳамаи ҷонварони муҳрадор низ сомеа доранд; дар ширхурҳо нисоатан тараққи кардааст.

Одам ва ҷонварони дараҷаи оли садоро бо гуши беруниашон қабул карда, тавассути пардаи гӯш ва устухончаҳои сомеа (гӯши миёна) ба ҳалзуни лабиринт (гӯши дарунӣ) медиҳанд. Дар он ҷо лаппиши пардаи асоси нуги асабҳои ҳассоси узви Корти (аз номи гистологи итолиёӣ А. Корти)-ро меангезад ва ангезиш ба мағзи сар дода мешавад. Одам мавҷҳои басомадашон аз 10—20 Гц то 20 кГц ва ромуз аз 100 Гц то 200 кГц-ро қабул карда метавонад. Аз таъсири дуру дарози садои баланд ҳассосияти сомеа паст мешавад. Кӯршабпарак, ромуз ва баъзе паррандагон шакли махсуси сомеа — эхолокасия доранд.

Адабиёт

вироиш