Шунг
Шунг (лот. Fraxinus sogdiana), шинг, биндишкзабон, забони гунҷишк, сияҳбед, як навъ дарахтест хазонрез. То 20 (баъзан то 28) м қад мекашад. Танааш рост (диаметраш то 60 – 70 см), сершоху сербарг. Пӯстлохаш хокистарранги зардтоб. Баргаш паршакл, мураккаб (аз 3 – 6 ҷуфт баргча иборат аст). Гулаш майда; косабарг ва гулбарг надорад (аз ду гардбарг ва тухмдон таркиб ёфтааст). Тухмаш дарозрӯя. Ш. дар шароити табиии Помиру Олой аз тухм зиёд мешавад. Вале ниҳолҳои наврустаи он дар натиҷаи норасоии намии хок ба зудӣ нобуд мешаванд; фақат дар наздикии об ва соҳили дарёҳо мемонанд. Дар давоми 20 сол қади Ш. ҳамагӣ ба 2 м мерасад. Минбаъд тезтар месабзад; Ш.-и 30-сола то 5 м, 40-сола 6,5 м, 50-сола тақр. 10 м ва 70-сола қариб 18 м қад мекашад. Ш.-и 100 – 120-сола ҳам вохӯрдааст. То 300 сол умр дидани Ш.-ро низ қайд кардаанд. Ш.-и худрӯй фақат дар кӯҳсори Осиёи Марказӣ (Помиру Олой, Тиёншон ва Кабуддоғ) мерӯяд. Дар Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Ҳисор, Дарвоз, Қаротегин, Вахш, Зарафшон, Туркистон ва ғайра; 1000 – 2000 м аз с. б.) бештар дар соҳили дарёҳо нумӯ меёбад. Шунгзорҳои васеъ дар Помиру Олой хеле каманд. Шунгзори начандон калонро фақат дар се маҳалли ҷумҳурӣ (қ-кӯҳҳои Пётри I, Ҳисор ва Ҳазратишоҳ) ба ҳисоб гирифтаанд. Ш. одатан бо чормағз, сафедор, дӯлона, олуча, бед, гулхор, зирк ва ғ. ҳамроҳ месабзад. Ш. дар шароити Душанбе мӯътадил нашъунамо меёбад; нисбатан тез месабзад. Ш.-и 20 – 22-сола 17 – 18 м (диаметри танааш 35 – 40 см) қад мекашад. Авв. март гул карда, авв. апр. барг мебарорад. Тухмаш сент. мепазад. Ш. дар соҳаи ҷангалдорӣ низ аҳамияти калон дорад. Соҳили дарёҳоро мустаҳкам менамояд. Мардум Ш.-ро дарахти «муқаддас» меҳисобанд ва онро намебуранд. Ш. чун рустании доруӣ аз замонҳои қадим маълум аст. Ҷиҳатҳои шифобахшии онро Дисқуридус (Диоскорид), Ҷолинус (Гален), Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Абӯалии Сино тавсиф кардаанд. Мас., мувофиқи гуфти Сино, тухми Ш. ба дил тақвият мебахшад, хафақонро барҳам медиҳад ва баргаш давои ҷароҳат аст. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби шохчаву навдаи сербарги Ш.-ро барои табобати сил ва дарди пайвандак истифода мебаранд.
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Д., 1965;
- Запрягаева В.И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л., 1976.